Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Поёни сабти номи довталабони курсиҳои парлумон


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 164 нафар довталаби курсиҳои парлумонро ба ҳайси номзад ба вакилии палатаи поёнии порлумони ин кишвар - Маҷлиси Намояндагон сабти ном кардааст. Муҳибулло Додоҷонов раиси дафтари комиссияи мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, асноди зарурӣ ҷиҳати сабти номи афроди дигар ба ҳайси номзад ба вакилии парлумон аз чор ҳавзаи интихоботӣ то кунун ба дасти онҳо нарасидааст ва ин дар ҳолест, ки тибқи қонун мӯҳлати ниҳоии сабти номи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон 7 феврал, яъне бист рӯз қабл аз баргузории интихобот эълон шудааст.
Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, сабқати интихоботӣ дар чор ҳавза миёни ду номзад, дар даҳ ҳавза миёни се, дар чаҳордаҳ ҳавза миёни чор номзад сурат хоҳад гирифт. Дар ноҳияи Конибодом, яке аз навоҳии сераҳолии вилояти Суғд муборизоти интихоботӣ миёни ҳафт муддаии курсии парлумони оянда ҷараён хоҳад гирифт. Ҳамин гуна 77 нафар аз тариқи худпешбарӣ ва боқимонда аз ҷониби созмонҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби халқӣ-демократӣ 41, Ҳизби коммунист 13, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби сотсиалист шаш нафарӣ сабти ном шудаанд.
Ҳизби демократ аз тариқи ҳавзаҳои инфиродӣ касеро ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод накардааст. Ба ҳамин тартиб, ҳамаи номзадҳои пешбаришуда аз тариқи ҳавзаҳои инфиродӣ тавассути Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби коммунист бидуни кадом мушкилоте сабти ном ва вориди сабқати интихоботӣ шуда, вале аз Ҳизби наҳзат ва аз Ҳизби сотсиал-демократ бо иллати навоқис дар аснод то кунун натавонистанд, худро сабти ном кунанд.Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, комиссияи интихоботӣ то ду рӯзи дигар асноди комиссияҳои ҳавзавиро ба даст меорад ва натиҷаҳои ниҳоии сабти номи довталабон ба курсиҳои парлумонро рӯзи 9 феврал эълон мекунад. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҷлиси Намояндагон аз 63 курсӣ иборат аст ва ба он 22 нафар бар асоси феҳрастҳои ҳизбӣ ва 41 нафар аз тариқи ҳавзаҳои инфиродӣ интихоб мешаванд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон 27 феврал баргузор мегардад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG