Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи нозирони роҳ дар Тоҷикистон коҳиш меёбад


Теъдоди кормандони идораи Бозрасии давлати автомобилӣ бар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон панҷоҳ дарсад ихтисор хоҳад шуд. Дар банди дигари ин фармон ҳамчунин омадааст, ин воҳидҳои штатии идораи бозрасии автомобилӣ ва маболиғе, ки барои нигаҳдории ин воҳидҳо дар буҷаи соли 2005 пешбинӣ шуда буд, ба манзури тақвияти нирӯҳои марзбонӣ ба ихтиёри Кумитаи ҳифзи сарҳадот вогузор шавад. Акнун бар асоси ин фармон 877 воҳиди бозрасии автомобилӣ ихтисор мешавад. Дар айни ҳол кумитаи марзбонӣ дастур гирифтааст, комиссияи санҷиширо ҷиҳати ба кумитаи марзбонӣ барои кор ҷалб кардани кормандони ихтисоршуда аз идораи бозрасии автомобилӣ таъсис кунад.
Фаъолияти идораи бозрасии давлатии автомобилӣ аз чандин вақт то кунун мавриди нигаронии ҷомеа қарор дошт ва ахиран аз ҷониби раисиҷумҳур шадидан интиқод шуд. Эмомалӣ Раҳмонов бархе аносир дар идораи бозрасии автомобилиро ба ришвахорӣ ё коррупсия муттаҳам кард. Ихтисор кардани кормандони идораи бозрасии автомобилӣ ба дунболи барканории ҳайъати роҳбарикунандаи идораи мазкур сурат мегирад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG