Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобкунандагони ҳанӯз ҳам дар орзуи обу барқ


Сӯҳбати сокинони маҳаллаи Кӯҳдоман ё Нагорний бо номзадҳо ба вакилии маҷлиси Тоҷикистон бо вуҷуди сардии тоқатшикани толори корхонаи тамокуи Душанбе ҳудуди ду соат идома кард. Маълум мешуд, ки рақобатҳои интихоботӣ дар ҳавзаи Исмоили Сомонӣ яке аз чаҳор ҳавзаи интихоботии пойтахти Тоҷикистон миёни намояндагони се ҳизб Халқӣ-демократӣ, Наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунист барои ҷалби касби раъйи интихобкунандагон ба шиддат идома дорад. Сухани аввали сокинони маҳал шикоят аз фаъолияти вакили маҷлиси дуввум буд. Ва ба ин далел аз номзади ҳизбе, ки вакили қаблӣ низ намояндаи он буд, суол мекарданд: "Як ҳофизе, ки депутат кардем, мо савол додем, ки барои мо чӣ ободӣ мекунӣ? Гуфт, ки кисаи ман пури ҳофизӣ. Ҳофизӣ даркор бошад, аз ман талаб кунед, аз ман на барқ талаб кунед, на об. Ба мо аз ҳама зарур об."

Танқиди зани солхӯрдаи дигар аз аввалӣ низ нешдортар буд: "Чанд сол шуд, Саидқул Билолов мегӯянд, канӣ вай? Аз вай мо чӣ фоида кардем. Ҳеҷ! Ҳолӣ боз мебинем. Мисли Саидқул Билолов нашавад. Об нест, барқ нест, ҳеҷ чиз нест."
Маҳбуба Нуриддинова номзад аз Ҳизби халқӣ-демократӣ дар посухи ин суханон гуфт: "Саидқул Билолов дар парлумон ба масъалаҳои фарҳанг машғул буд. Барои мукаммал кардани қонунҳо дар робита ба фарҳанг. Худо насиб кунад, ман дар хизмати модарон, дар хизмати шумо мешавам. Агар шумо ба ман овоз диҳед ҳаракат мекунам, чунон қонунҳое қабул кунам, ки зиндагии шумо садҳо ҳазор бор беҳтар шавад."

Аммо Акоша Кабирӣ номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни муаррифии барномааш ба ислоҳоти низоми тарбия ва парвариш таъкид кард ва гуфт, дар шароити глобализатсия, ё ҷаҳонишавӣ бояд давлат барномаи мушаххаси ҳимоя ва зинда нигаҳ доштани фарҳанги миллиро таҳия кунад. Яке дигар аз интихобкунандагон аз ӯ пурсид: "Фаъолияти корӣ аз таҷрибаи корӣ сар мешавад. Вақте шумо таҷрибаи кофии корӣ надоред, дар парлумон аз ӯҳдаи таҳияи қонунҳо дар парлумон мебароед.?"
Оқои Кабирӣ дар посух ба суоли интихобкунандагон гуфт:
"Агар шумо боварӣ надошта бошед, ихтиёр доред. Агар он чизе, ки ман гуфтам, қонеъкунанда набошад, ин ҳуқуқи ҳар шаҳрванд аст, хато накунад, ин ҳуқуқи шумост. Мо пешниҳод мекунем ва ин ҳаққи шумост, ки интихоб мекунед ва ё на?"
Интихобкунандагон ҳамчунин ба фаъолияти Ҳизби таҳрир низ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд ва назари номзадҳоро дар мавриди усули мубориза бо он шунидан мехостанд. Оқои Кабирӣ гуфт, Ҳизби таҳрир ҳадафи барқарор кардани хилофатро дорад, ки ин мухолиф ба усули истиқлолияти Тоҷикистон аст.

Аммо номзад аз Ҳизби коммунистӣ Амирқул Насимов, ки мегуфт, ҳизбаш ҷонибдори таҷдиди назар дар сиёсати хусусигардонӣ ва бозгардонидани корхонаҳои муҳим ба ихтиёри давлат аст, як интихобкунанда аз пурсид: "Аз рӯи барномаи шумо маълум аст, ки шумо корхонаҳои хусусиро ба давлат бозгардониданӣ ҳастед. Оё ин дуруст аст?"
Оқои Насимов номзад, ки устоди иқтисод дар Донишгоҳи омӯзгорӣ низ ҳаст гуфт: "Дар тамоми дунё, аз он ҷумла дар Амрико сӣ фоизи моликият давлатист, дар Фаронса 57 фоизи моликият давлатист. Иқтисоди бозаргонӣ проблемаҳои иҷтимоӣ ва маънавии халқро ҳеҷ гоҳ ҳал карда наметавонад. Мо танҳо хусусигардонии соҳаҳои стратегиро дар назар дорем."
Аммо бо вуҷуди таъкиди мукаррари раиси ҳавзаи интихоботӣ ва номзадҳо ба ин, ки вакили мардумӣ намоянда дар ҳокимияти қонунгузор ҳаст ва замони он, ки номзадҳо бо ваъдаи бунёди роҳҳо ва таъмини иҷтимоии интихобкунандагон вакил мешуданд, пушти сар шудааст, вале ҳамоно сокинони маҳалаи Кӯҳдоман ба мушкилоти худ таъкид доштанд ва мегуфтанд, чизе ки аз вакилон мехоҳанд, таъмини маҳалла бо оби ошомиданӣ, бунёди роҳ ва гузаронидани хати интиқоли гази табиист.
XS
SM
MD
LG