Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар интихоботи Тоҷикистон: СММ


Дар пайи касби истиқлолият дар моҳи сентябри соли 1991, дуюми марти соли 1992 ин кишвар ба сифати узви комилҳуқуқ ба ҳайъати Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва ҳамин тавр равобити Тоҷикистон бо бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ СММ оғоз ёфт. СММ то соли 1997 бо ҳимояти ҷомеаи байналмилал талош мекард, то ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима диҳад ва бадин манзур Миссияи нозирони Созмони Милал дар Тоҷикистон таъсис дод. Баъди имзои Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон дар соли 1997 Созмони Милал дар кори назорат ба иҷрои бандҳои созишномаи мазкур нақши фаъол бозид. Баъд аз баргузории интихоботи порлумонии соли 2000-уми Тоҷикистон мандати намояндагии нозирони СММ ба поён расид, вале бо таваҷҷӯҳ ба осебпазирии раванди сулҳу оштӣ дар ин кишвар, аз якуми июни соли 2000 Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милал дар Душанбе оғоз ба кор намуд. Ин дафтар дар баробари таҳкими масоили сулҳ дар Тоҷикистон зарфи се соли охир барои рушди равандҳои мардумсолорӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчунин фаъолияти аҳзоб ва гуногунандешии сиёсӣ дар ҷомеаи ин кишвар иқдомоти назаррасеро анҷом додааст.

Ян Маликзода - масъули сиёсии дафтари Созмони Миллал дар Тоҷикистон бо ишора ба интихоботи соли 2000-ум мегӯяд, шароит дар ин кишвар ба куллӣ тағйир кардааст ва таваҷҷӯҳи СММ ва соир созмонҳои байналмилалӣ дар муқоиса бо интихоботи гузашта, ба интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонии Тоҷикистон ва чигунагии баргузории он афзудаст: «Таваҷҷуҳи аслӣ дар соли 2000-ум ба ин буд, ки интихобот бидуни ҷангу хушунат миёни ҷиноҳои мухталифи сиёсӣ анҷом шавад. Дар интихоботи гузашта агар ба таври дигар бигӯем, ин мавзӯъ матраҳ набуд, ки интихоботи порлумонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шавад. Аммо панҷ сол баъд ҳоло вазъияти Тоҷикистон дигаргун шудааст ва аз ин интихобот интизороти мо ва соир созмонҳои байналмилалӣ ин аст, ки он дар сатҳи беҳтар бигзарад, дар сатҳе, ки дар он ба раъйи мардум эҳтироми бештар гузошта шавад.»

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон соли гузашта як гурӯҳи ҳуқуқдонро гирд овард ва ин гурӯҳ барои ислоҳи қонуни интихоботи Тоҷикистон бо тавсияи СММ пешниҳодотеро ба порлумон ироа кард ва қонунгузорони Тоҷикистон қисман ҳам бошад он тағйиротро пазируфтанд. Аммо оқои Маликзода меафзояд, дар қонуни феълии интихоботи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам нуктаҳое мавҷуданд, ки бо муқаррароти байналмилалӣ муғойират доранд: «Дар Қонуни интихоботи Тоҷикистон моддае ҳаст, ки мегӯяд, вақте додситон зидди як нафар барои ҷинояти сангин ва ё бисёр сангин тафтишоти пешакӣ оғоз кард, ин нафар ҳақ надорад, аз ҳуқуқи сиёсии худаш ба унвони номзад истифода барад. Ин ба яке аз усулҳои башарият, яъне эҳтимолияти бегуноҳӣ мувофиқ нест. Ва худи Қонуни Асосии Тоҷикистон мегӯяд, то замоне қарори додгоҳ набаромадааст, ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон бегуноҳ маҳсуб меёбад ва набояд аз ягон ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ маҳрум шавад. Ин яке аз камбудиҳоест, ки мутаассифона ҳанӯз дар Қонуни интихобот ҷой дорад.»

Владимир Сотиров - раҳбари Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистон мегӯяд, дар муқоиса бо интихоботи гузаштаи порлумонӣ ҳамакнун раванди омодагӣ ба интихоботи дар пеш истода бо шаффофият ва рӯҳияи бештари демократӣ ҳамроҳ аст. Ба гуфтаи ӯ, ин созмон бори нахуст як конфронси дурӯзаи омӯзишӣ барои масъулини ҳавзаҳои маҳаллӣ ва Комиссияи марказии интихобот доир кард, ки метавон онр як гоми муҳим дар роҳи риояти Қонуни интихобот ва баргузории як интихоботи шаффофу одилона дар ин кишвар номид.
Илова бар ин созмон роҳнамо барои раъйдиҳандагон ва масъулини баргузории маъракаи интихоботи мунташир кард, ки онҳо дар тамоми қитъаҳо ва ҳавзаҳои интихоботии Тоҷикистон тақсим мешаванд. Владимир Сотиров гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама хушбин аст, ки интихоботи моҳи феврали Тоҷикистон аз ҳар вақти дигар дида, шафофу демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ доир мегардад.

Ян Маликзода намояндаи дигари СММ шакл гирифтани парлумони сифатан нав дар Тоҷикистонро интизори умдаи Созмони Милал аз интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ арзёбӣ менамояд: «Яке аз он бахшҳое, ки ҳанӯз ба он сатҳи инкишоф нарасидааст, ки метавонад бирасад, ин худи Маҷлиси Олӣ аст. Дар демокросӣ маҷлис сохторест, ки дар он баҳсҳои озоди сиёсӣ, бархурдҳои сиёсӣ сурат мегиранд. Ин баҳс ҳанӯз дар Тоҷикистон ба он сатҳе нест, ки мо шоҳиди он дар дигар кишварҳои дунёем. Мо интизор дорем ва умедворем, ки маҷлиси ояндае, ташкил мегардад, маҷлисе хоҳад буд, ки воқеан дар он мутахассисони мустақил ҷой дошта бошанд, то бо роҳандозии баҳсҳои сиёсӣ ақоиду пешниҳодоти мардумро матраҳ намоянд.» Ба ин тартиб Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон мӯътақид аст, ки заминаи баргузории як интихоботи шаффофу одилона дар ин кишвар ҳамакнун фароҳам омадааст ва танҳо дар ин миён риояти иҷрои он ба наҳве, ки Комиссияи марказии интихобот ва созмонҳои байналмилалии хоҳонанд, масъалаи калидӣ боқӣ мемонаду бас.
Нақши OSCE дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG