Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷараёни сабти номи довталабони курсиҳои парлумон


Аз 13 ҳавзаи инфиродӣ дар вилояти Суғд 72 номзади аҳзоби сиёсӣ ва ғайриҳизбӣ барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ шудаанд. Аз ин теъдод 35 нафар, тақрибан ними довталабон ба курсиҳои парламентӣ намояндаҳои Ҳизби халқӣ - демократӣ ҳастанд. Вале ба гуфтаи Анвар Ҷалилов - сарвари бахши Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, танҳо 13 тан аз номзадҳои ҳизбаш аз ҷониби ҳизби халқӣ - демократӣ барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардида, 22 тани дигар номзадии худро ба тариқи худпешбарӣ гузоштаанд.
Ба иттилоъи маркази иттилоъотии ҳукумати вилояти Суғд, 18 нафари беҳизб низ аз ҳавзаҳои инфиродӣ асноди худро барои роҳ ёфтан ба интихоботи Маҷлиси намояндагон ба ихтиёри комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳои мазкур пешниҳод кардаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд

Ҳашт комиссияи ҳавзавии интихоботии минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо иллати камбудиҳо дар аснод аз сабти номи ҳафт нафар муддаии ширкат дар интихоботи парлумони Тоҷикистон худдорӣ кардаанд.
Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода, раиси созмони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хатлон гуфт, дар ҳавзаҳои интихоботии минтақаи Қӯрғонтеппа ҳамакнун 3 нафар номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти курсиҳо дар парлумони Тоҷикистон мубориза доранд. Ин дар ҳолест, ки Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ҳашт ҳавзаи интихоботии минтақа ҳашт нафар муддаии курсӣ дар парлумони ояндаи кишварро сабтином кардааст. Ҳамчунин 4 нафар номзад аз Ҳизби коммунист ва 1 нафар аз Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон барои ширкат дар муборизаҳои интихоботӣ дар ҳавзаҳои интихоботии минтақаи Қӯрғонтеппа сабтином гаштаанд. Ба ҳамин тартиб теъдоди муддаиёни курсиҳои парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии ин минтақа бо шумули номзадҳои худпешбарӣ баробар ба 29 нафар шуд.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа

Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сабти номи довталабони курсии Маҷлиси Намояндагон ҳамчунон идома дорад. Тибқи иттилоъи Муҳибулло Додоҷонов - раиси дафтари Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Данғара, Кӯлоб 12 нафар ҳамчун номзад ба вакили парлумон сабти ном шудаанд. Дар ҳавзаи Восеъ аз 4 довталаб се нафарро ба қайд гирифтанд ва як номзад ихтиёран аз ширкат дар интихобот даст кашидааст.
Дар маҷмӯъ аз миёни 32 нафар муддаӣ ба курсии вакилӣ дар парлумони касбӣ, 20 нафар дар комиссияҳои ҳавзавии минтақаи Кӯлоб расман номнавис шуда, ба маъракаи таблиғотӣ шуруъ кардаанд.
Саёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG