Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таппиши дубораи набзи нерӯгоҳи Роғун


Як ширкати олмонӣ бо номи «Ламаер» барандаи тендер, ё озмуни таҳияи тарҳи сармоягузорӣ ва техникӣ дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун эълон шуд. Ин тендер аз ҷониби вазорати энержии Тоҷикистон ва ширкати "Русский алюмний"-и Русия (РУСАЛ) эълон шуда буд, ки дар он чаҳор ширкати дигар низ иштирок намуд. Ширкати «РУСАЛ» бар асоси тавофуқ бо вазорати энержии Тоҷикистон ба унвони супоришгари идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун маблағи таҳияи тарҳро пардохт хоҳад кард.
Сергей Анинков - муовини мудири кулли ширкати «Русский алюминий», зимни имзои санади мазкур гуфт: «Бар он далел, ки барои тавлиди алюминий нерӯи барқ як омили бисёр муҳим мебошад ва Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна аз бештарин имконоти гидроэнержӣ ва захоири обӣ бархурдор аст, мо талош ва имконоти худро маҳз ба ин хотир ба Тоҷикистон равона кардаем.»
Ба гуфтаи оқои Анинков, акнун қарор аст, то моҳи ноябр ширкати олмонии «Ламаер» асноди лозими марбут ба корҳои бунёдии молӣ ва техникии сохтмонро таҳия кунад, яъне бояд дар мавриди он ки барои анҷоми сохтмон ва иншооти марбути он чӣ миқдор сармоя лозим аст, ба вазорати энержӣ ва «РУСАЛ» гузориш диҳад. Муовини мудири ин ширкат гуфт, дар марҳилаи аввал барои иҷрои ин тарҳ 2 миллион евро ихтисос ёфтааст. Нерӯгоҳи Роғун як иншооти ниматамоми мерос аз шӯравии собиқ дар шарқи Тоҷикистон мебошад. Ин нерӯгоҳ бар асоси лоиҳа 3 ҳазору шашсад мегаватт тавоноӣ дошта ва баландии сарбанди он 335 метр хоҳад буд, ки ба гуфтаи вазири энержии Тоҷикистон то кунун дар дунё назири он сохта нашудааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG