Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи вазорати амният доир ба инфиҷор дар Душанбе


Вазорати амнияти Тоҷикистон бо пахши як хабар таввасути телевизиони давлатӣ фарзияи аз хуруҷи газ таркидани мошин назди вазорати ҳолатҳои изтирории ин кишварро рад кард, агарчӣ як рӯз пеш эълон дошта буд, ки мошин ба иллатҳои техникӣ дар таҷҳизоти газии он таркидааст. Дар пайи инфиҷори мошини тамғаи Волга рӯзи 31 январ бар асоси иттилои расмӣ, як тан ҳалок ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Вазорати амнияти Тоҷикистон бидуни ишора ба фарзияҳои дигари эҳтимолӣ, аз ҷумла корбурди маводи тарканда иттилоъ дод, ки аз сӯи ин вазорат дар робита ба вуқӯъи инфиҷор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Аммо дар ҳамин ҳол Владимир Сотиров - раҳбари Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон дар вокуниш ба вуқӯъи инфиҷор дар шаҳри Душанбе гуфт, мӯътақид аст, ки ҳодисаи мазкур на амри тасодуфӣ, балки амали ҷиноӣ ва як иқдоми террористӣ буд, ки бо ҳадафи халалдор намудани раванди сулҳу субот дар ҷомеаи ин кишвар анҷом гирифтааст: "Шахсан ман чунин фикр мекунам, ки инфиҷори ба амал омада, аз лиҳози ангеза як ҳодисаи ҷанбаи ҷиноӣ ва террористӣ дар бар дошта, ба ҳисоб меравад."
Оқои Сотиров изҳори итминон кард, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайи таҳқиқи амиқ сабабҳои аслии инфиҷорро муайян месозанд ва ба мардум доир ба он иттилоъи дақиқ медиҳанд. Оқои Сотиров ҳамчунин афзуд, ин ҳодиса наметавонад, ба вазъи пеш аз интихоботии Тоҷикистон таъсири манфӣ бирасонад, зеро ба назари ӯ суботу амнияти Тоҷикистон дар панҷ соли охир таҳким ёфтааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG