Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвиби созишномаи рафтор дар маъракаи интихоботӣ


Қарордод миёни шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар мавриди тарзи рафтор дар раванди маъракаи интихоботи парлумонӣ аз тарафи раҳбарони ин аҳзоб истиқбол шуд ва онҳо ин санадро барои Тоҷикистон сарнавиштсоз ва таърихӣ арзёбӣ карданд. Давлаталӣ Давлатов - муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар маросими имзои созишнома гуфт, ин санад аҳзоби сиёсии кишварро муваззаф мекунад, то ҳангоми маъракаҳои интихоботӣ ба тамоми амалу рафтори худ баҳо диҳанд ва ҳаргиз аз чаҳорчӯбаи қонун берун по нагузоранд.
Шодӣ Шабдолов - раиси Ҳизби коммунистӣ низ, гуфт бо назардошти тафовутҳо дар барномаҳои интихоботии аҳзоб, ҳангоми мулоқот бо раъйдиҳандагон моҷароҳои лафзӣ ногузир миёни номзадҳо сурат мегирад, аз ин хотир созишнома бори дигар номзадҳоро ба риояти қонун даъват мекунад.
Муҳиддин Кабирӣ - муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иброз дошт, имзои созишномаи мазкур заминаро барои таҳия ва иҷрои Кодеси ахлоқи аҳзоб ҳамвор кардааст, ки ҷомеаи тоҷик имрӯз ба он ниёз дорад.
Созишнома, ки аз чаҳор фасл дар бораи муносибати ботаҳҳаммули аҳзоб бо мақомоти расмӣ ва интихобкунанда, дар бораи эҳтиром ба шеваҳои баргузорӣ ва танзими ҳуқуқии маъракаи интихобот, дар бораи таблиғи шоиста ва ташкили маҷлисҳо ва эҳтиром ба иродаи интихоботии шаҳрвандон иборат мебошад, дар ҳузури намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва бархе аз сафирони кишварҳои хориҷӣ ба имзо расид. Владимир Сотиров - раҳбари Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон тасвиби созишномаро як гоми мусбат дар ростои маъракаи интихоботи парлумонӣ хонда гуфт, чунин иқдомот умедро ҷиҳати таҳкими равандҳои демократӣ ва эъмори як ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бештар хоҳад кард.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG