Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёҳати Ҷон ва дӯстони ӯ аз Баҳама ба Тоҷикистон


Эндӣ ва Ҷон аз Баҳама ҳастанд. Аз ин кишвари ҳафтсад ҷазира, Баҳамаро лутфомез баъзан ҳамин хел ном мебаранд, як моҳ пеш ҳамроҳи Энди ва Ҷон боз панҷ ҷавони дигар ба Тоҷикистон омаданд. Барои то Душанбе расидан онҳо аввал ҳафт соат то Деҳлӣ парвоз кардаанд ва баъд аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон. Ин ҷавонон ба Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ дар як маркази байналмилалии тозатаъсис омадаанд. Энди қаблан бо ин марказ ҳамкорӣ доштааст ва бо даъвати ин марказ ба Тоҷикистон омадааст. Бори аввал бо шунидани исми Тоҷикистон Эндӣ харитаро ба даст гирифта дар он Тоҷикистон кофтааст. Ӯ аввал ҳарос доштааст, ки шояд дар ин кишвари мусалмонон ба мушкиле гирифтор шавад.
Аммо пас аз омадану итминон ҳосил кардан ба он ки ин кишвар барояш хатаре эҷод намекунад ва як кишвари хеле зебоест, Эндӣ ба дӯстонаш занг зада, онҳоро низ ба Тоҷикистон даъват кардааст. Тоҷиконро ин фарзандони уқёнуси Атлантик чеҳракушоду меҳмондӯст дарёфтаанд. Эндӣ, ки қаблан танҳо пляж ва ё соҳилҳои истироҳатиро дидааст, пеш аз ҳама аз дидани кӯҳҳои Тоҷикистон ба шигифт омадааст.
Ҷон, ки дар ин лаҳза ба гитори дасташ нохун мезаду аз навохта натавонистанаш лаби таассуф мегазид, аз ҳусну ҷамоли тоҷикдухтарон мутаҳайир гаштааст. Ин ҷавони бистсолаи зодаи ҷазираҳои Баҳама бо лаби пур аз ханда аз талошҳои шиносшавияш бо духтарони тоҷик қисса кард, ки чӣ хел дар кӯчаҳо аз духтарон мепурсад, ки ҳей, чӣ ном дорӣ духтар?
Эндиро дар иди Қурбон ҳамсояҳояш ба хонаҳояшон даъват карда, бо оши палав зиёфат кардаанд. Эндӣ дар аввал ҳайрон мешудааст, ки чаро тоҷикон ин қадар бисёр нон истеъмол мекунанд. Ҷонро низ аз таомҳои тоҷикӣ хушаш омадааст, аз забони тоҷикӣ ҳамчунин:

Тоҷикӣ ҳарфзании Ҷонро шунидан мехоҳед? Бале? Пас ба ин хати сабз панҷа афканед.
Дар пешорӯи интихоботи порлумонии Тоҷикистон аз Эндӣ дар бораи муносибати мардуми Баҳама ба маъракаҳои сиёсӣ пурсидам. Кишвари садҳо километр пляж ба мисли Тоҷикистон порлумони дупалатаӣ дорад. Аммо баръакси тоҷикон мардуми Баҳама ба гуфтаи Эндӣ ба интихобот хеле назари ҷиддӣ ва таваҷҷӯҳи амиқ доранд. Эндӣ мегӯяд, интихобот маъракаи ниҳоят ҷиддӣ аст ва дар интихобот мардуми Баҳама хеле фаъоланд, рӯзи интихобот дари ҳама корхонаҳо пӯшида ва мардум ҳамагӣ ба овоздиҳӣ мераванд.
XS
SM
MD
LG