Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табодули афкор доир ба интихобот таввасути Интернет


Дар чаҳорчубаи Барномаи дастрасӣ ба интернет созмони IREX ҷиҳати огаҳӣ аз ҷараёни омодагиҳо ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон хабарнигорони манотиқи мухаталифи ин кишварро сари як мизи мудаввар аз тариқи Интернет ҷамъ овард.
Ибодулло Олимов, масъули Барномаи дастрасӣ ба интернети IREX дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, дар мизи гирд хабарнигорони шинохта аз шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ, Конибодом, Турсунзода ширкат намуда, аз вазъи омодагии мардум, ҳавзаҳои интихоботӣ, ҳамчунин тайёрии хабарнигорон ҷиҳати ширкат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ва ҳолати феълии дастрасӣ ба манобеи иттилоъ табодули афкор карданд. Давлат Шоэътиборов, сардабири ҳафтаномаи мустақили «Бомдод», аз ҷумлаи ширкаткунандагони нишасти интернетӣ гуфт, аз табодули афкор бо ҳамтоёни худ аз дигар манотиқи кишвар огаҳӣ пайдо кардааст, ки мардум феълан ба интихобот ба куллӣ омодагӣ нагирифта ва нуфузи аҳзоб дар ҳама манотиқ тақрибан баробар дар як сатҳ будааст. Ӯ пас аз ин мизи мудаввар ба хулосае омадааст, ки вазъи омодагии мардум, аҳзоби сиёсӣ, васоити ахбори омма ва ҳам мардум ба интихоботи парлумонӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд мусбат ба назар мерасад. Оқои Шоэътиборов афзуд, дар муқоиса ба шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, ки дар ин манотиқ теъдоди зиёди расонаҳои хабарии мустақил фаъол аст, вилояти Хатлон, аз ҷумла минтақаи Қӯрғонтеппа дар ин маврид ба мушкил рӯбарӯ аст. Дар ин минтақа фақат як рӯзнома ва телевизион, ки доираи ниҳоят маҳдуди фарогирии мавҷ дорад, дар ҳоли ҳозир ҳаддалимкон фаъол аст. Дар ҳамин замина, меафзояд сардабири рӯзномаи «Бомдод», наметавон минтақаро ба интихоботи парлумонӣ омода гуфт.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG