Пайвандҳои дастрасӣ

Набарди номзадҳо ба вакилии парлумон барои ба даст овардани дили раъйдиҳандагон


Ин садоҳо аз вохӯрии намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои мустақил бо раъйдиҳандагон дар ҳавзаи интихоботи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аст, ки дар бинои Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси муаллимон рӯзи 31 январ доир гардид. Муборизоти интихоботӣ ва маъракаи таблиғотӣ миёни шаш ҳизби сиёсӣ ва номзадҳои мустақил ҷиҳати дарёфти маншури вакилӣ дар парлумони ояндаи Тоҷикистон бо наздик омадани замони интихобот дар Душанбе шиддат мегирад.
Мулоқоти муддаиёни курсии вакилӣ дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансури пойтахт - Додихудо Саймуддинов - раиси Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, номзад аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Раҷаби Мирзо - сардабири нашрияи «Рӯзи Нав» номзад аз Ҳизби сотсиал-демократ, Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби демократӣ ва Иззатулло Саъдуллоев - номзад аз Ҳизби наҳзати исломӣ бо тавзеҳи нукоти аслии барномаҳои интихоботии ин аҳзоб ва суолу ҷавоб миёни довталабон ва раъйдиҳандагон сурат гирифт.
Аз ҷумла як тан аз ҳуззори маҷлис, ки худро муаррифӣ накард, бо ишора ба мардикорони назди бозори наздик ба маҳалли нишаст аз Додихудо Саймуддинов номзад аз ҳизби ҳоким чунин суол кард: "Гурӯҳи одамонеро, ки дар назди бозори Шоҳмансур истодаанд ҳамин мардумро дидед? Ҳамин ҷо сад-дусад нафар "гарданошон каҷ" истодаанд? Ҳизби халқӣ-демократӣ нисбат ба ҳамин мардум ягон фикре дорад, ягон чораҷӯӣ мекунад, ки ҳамин мардум омада гарданашон каҷ дар ҳамин ҷо наистанд."
Оқои Саймуддинов посух дод, ки таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва танзими муҳоҷиратӣ корӣ яке аз масоили ҷиддиест, ки дар барномаи ҳизбии онҳо роҳи ҳалли он нишон дода шудааст: "Шумо гумон накунед, ки инҳо танҳо дар мо ҳастанд. Нисфи мардуми Туркия дар Олмон кор мекунад, бисёр аз мардуми мо дар хориҷи кишвар кор мекунад. Ин чиз дар ҳама дунё ҳаст, барои ҳамин Ҳизби халқӣ-демократӣ бо пешниҳоди раиси ҳизб барномаи кам кардани сатҳи камбизоатиро таҳия кардааст. Ҳизб ғами инҳоро мехӯрад ва ғами онҳоеро ки дар хориҷа кор мекунанд. Ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар кишварҳои муштаракулманофеъ, бахусус Русия ин яке аз нуктаҳои асосии барномаи ҳизб аст."
Аммо Раҳматулло Валиев - номзад аз Ҳизби демократии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки бештари масоил ва мушкилоти иқтисодии кишвар ба таҷзияи нодурусти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва дар дасти танҳо як нафар вогузоштани бештари ваколати идорӣ ва ҳамзамон дар халои иттилотӣ қарор додани ҷомеа аз фаъолияти ҳокимият робита дорад: "Яке аз масъалаҳо ин аст, ки президент ҳамаро таъйин мекунад, вақте ки ҳамаи ҳукумат дар дасти як нафар аст ва ҳокимияти иҷроия мегӯяд, ки чунин қонун мебарорӣ ва ман чунин қонунро бояд иҷро кунам. Шаффофият дар кори ҳукумат нест. Буҷа аз андози тамоми мардуми Тоҷикистон ҷамъ мешавад. Буҷаи Тоҷикистон чӣ хел сарф мешавад, кӣ медонад? Чӣ қадар қарзҳое, ки мо мегирем, куҷо мераванд. Аз ҳамин камбизоатӣ баромада наметавонем, зеро ки шаффофият дар кори ҳукумати Тоҷикистон, ҳукуматҳои маҳаллӣ нест."

Ба назари Раҷаби Мирзо - сардабири нашрияи мустақили "Рӯзи Нав", ки аз ахири тобистони соли равон ба ин сӯ чопи он мутавақиф шудааст, яке аз иллали афзоиши шумори бекорон дар кишвар ба сиёсати нодурусти хусусигардонии корхонаҷоти нисбатан бузург марбут аст, зеро дар натиҷаи аз фаъолият бозмондани ин муассисот сафи бекорон ба садҳо ҳазор расидааст: "Шумо бигӯед, ки дар Тоҷикистон кадом корхонаҳое калоне бунёд шуданд, ки тавонистанд, чандин ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин кунанд. Набуданд! "
Аз Иззатулло Саъдуллоев - номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон суол шуд, ки оё дар сурати ба даст овардани аксари курсиҳои парлумони кишвар, ин ҳизб барои таъсиси як давлати исломӣ талош хоҳад кард. Оқои Саъдуллоев дар посух гуфт: "Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳизби сиёсӣ буда, тамоми қонунҳои Тоҷикистонро эътироф мекунад ва тибқи ин қонунҳо амал мекунад. Ҳарчиро, ки дар гузашти панҷ солу даҳ сол мешавад, ҳамаи ин вобаста ба интихоби мардум аст. Ҳамаи ин ба ихтиёри худи мардум ва интихобкунандагон аст."
Дар ҳамин ҳол Абдулло Ҳабибов - узви Маҷлиси Намояндагон ва ба унвони раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Шоҳмансури пойтахт гуфт, ин як амри табиист, ки довталаби шаҳодатномаи вакилӣ барои ба даст овардани раъйи ҳар як интихобкунанда талош хоҳад кард. Оқои Ҳабибов гуфт, мулоқоти мустақим ва рӯ ба рӯи номзад ба мақоми вакилӣ шонси хубе ба раъйдиҳанда ҷиҳати интихоби нафари ба назари ӯ шоиста ба вакилии парлумон хоҳад буд. Вай гуфт, то ҳоли ҳозир ин бори чаҳорум аст, ки мулоқот ва вохӯрии муддаиён ба мақоми вакилӣ бо интихобкунадагон дар ҳудуди ҳавзаи Шоҳмансур доир мешавад ва қарор аст дар сӣ қитъаи райдиҳӣ ҳамчунон мулоқотҳо баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG