Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши маргбор дар шаҳри Душанбе


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар робита ба инфиҷоре, ки субҳи душанбе 31-уми январ дар наздикии вазорати ҳолатҳои фавқуллода рух дод ва ба кушта шудани як нафар анҷомид, парвандаи ҷиной кушодаанд, то иллати бурузи ин таркишро баррасӣ кунанд. Дар ин инфиҷор чаҳор нафар ҳам маҷрӯҳ шуданд. Дафтари матбуоти вазорати амнияти Тоҷикистон пас аз анҷоми таҳқиқоти муқаддамотӣ асри рӯзи душанбе иттилоъ дод, ки инфиҷор бар асари ихроҷи газ аз манбаи сӯзишвории мошин сурат гирифтааст. Дар нахустин вокуниш ба ин ҳодиса субҳи душанбе генерал Мирзо Зиёев - вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, инфиҷор дар пушти мошин сурат гирифта, аммо афзуд, "наметавон мутмаъин буд, ки ин иқдом террористӣ будааст."
Генерал Мирзо Зиёев ҳамчунин гуфт, ба унвони як фарди низомӣ фикр мекунад, ки дар мошин маводи мунфаҷира гузошта шуда будааст. Мошине, ки дар он инфиҷор шуд, комилан сӯхтааст ва шишаҳои вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва Бонки амонатгузорӣ шикаста ва бисёре аз мошинҳое, ки дар хиёбон парк шуда буд, сахт садама дидаанд.
Дар ҳамин ҳол дар яке аз биноҳои вазорати амнияти Тоҷикистон низ оташсӯзӣ гузориш шуд. Танҳо иттилоъи расмӣ ин аст, ки тими коршиносон ба маҳал эъзом шуданд ва сӯхтор кӯчак буда ва онро хомӯш кардаанд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG