Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Матбуоти дилсард, ҳукумати беэътимод, номаи дардолудаву имдодталабона ва инқилоби норинҷӣ


ЧАРО МАТБУОТИ МУСТАҚИЛ АЗ ҲУКУМАТ ДИЛСАРД АСТ?

Нашрияи "Зиндагӣ" ин ҳафта ба инъикоси мушкилоти журналистика ва матбуоти тоҷик пардохта, аз ҷумла навиштааст, ки журналистика ба ҳокимияти чаҳорум будан ниёз надорад, агар ҳокимияти давлатӣ дар симои он оппозитсияро набинад. "Зиндагӣ" афзудааст, дар давлате, ки наметавон дар он камбудиву қонуншиканӣ ва ҳатто хатои мардуми кишварро ёфт, ҳамон Маҳмадрузӣ Искандаров ҳам агар сарвар мебуд, Додоҷони Атовуллоро ба он гунаҳгор медонист, ки ӯ воқеан аз сарҳади озодии сухан гузашта ифрот мекунад. Аз ин рӯ гуфтааст «Зиндагӣ» ҳукуматро лозим аст, ки васоити ахбори умумро ба худиву бегона ҷудо насозад. Аз нигоҳи нашрия, журналист назар ба ҳукумат бо оппозитсия бештар боварӣ дорад, айби журналистон буда наметавонад. Зеро ҳукумат намехоҳад, ки журналист андешаи расмиро бо нигоҳи мустақилона дар матбуоти ғайридавлатӣ мунъакис намояд.

ВА ЧАРО ҲУКУМАТ БА МАТБУОТИ МУСТАҚИЛ БО ШУБҲА МЕНИГАРАД?

Мавзуъи матбуот дар нашри нави ҳафтаномаи «Азия- Плюс» низ инъикоси назаррас дорад. «Азия-Плюс» бо истинод ба баёнияи Анҷумани миллии васоити ахбори мустақили Тоҷикистон нигоштааст, ки зарфи соли 2004 мелодӣ дар ин кишвар наздик ба 340 мавориди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ба қайд гирифта шудааст. Нашрия дар ин робита имтиноъварзии мақомоти расмӣ дар амри ироаи иттилоот ва эҷоди маҳдудият дар роҳи касби иттилооти муҳими ҷамъиятиро аз мушкилоти аслии матбуоти ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон номидааст. Сафири Чин У Хунбин дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи "Азия-Плюс" иброз доштааст, ки Чин сарфи назар аз ҳамсояи наздик будан бо Тоҷикистон қасд надорад, ҳузури низомиашро дар ин кишвар тақвият бахшад. Дар ҳоли ҳозир афзудааст сафири Чин, ин кишвар дар Тоҷикистон ба ғайр аз намояндагии низомии сафоратхона ҳузури дигари низомӣ надорад. Ба гуфтаи сафири Чин равобити низомӣ миёни Чину Тоҷикистон умдатан кӯмаки ҷониби Чин дар тарбияи кадрҳои низомии Тоҷикистон маҳдуд мешавад.

ИНҚИЛОБИ НОРИНҶӢ БА ТОҶИКИСТОН ТАҲДИД НАМЕКУНАД

Демократисозии тамоми ҷанбаҳои ҷомеа ягона роҳест, ки метавонад аз вуқӯъи инқилоби норанҷӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ ба амал оварад. Ин матлабро Бахтиёр Худойбердиев нозири интихоботи ахири раисиҷумҳури Украина аз Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори «Вечерний Душанбе» изҳор доштааст. Ба гуфтаи Бахтиёр Худойбердиев мақомоти Тоҷикистонро ҳамчунин зарур аст, алайҳи коррупсия ва рушди он дар ҷомеаи ин кишвар ҷиддан даст ба иқдом зананд. Дар ин амр иброз доштааст мусоҳиби «Вечерний Душанбе» бидуни шаку тардид боястӣ диктатураи қонун дар кишвар ҷорӣ гардад.

НОМАИ ИЛТИҶОМЕЗИ ЗАНОНИ ФИРЕБХӮРДАИ ТОҶИК

«Моро фоҳиша кардаанд»- таҳти ин унвон «Тоҷикистон» номаи як гурӯҳ занону духтарони хуҷандиро, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба сар мебаранд ба табъ расонидааст. Ин духтарон дар номаи имдодталабонаи худ навиштаанд, ки 3- 4 нафар занони даллаи ҷиноятпеша онҳоро бо роҳи фиреб ба хориҷи кишвар интиқол додаанд ва инак чанд сол аст, ки дар шаҳри Дубай иҷборан ба фоҳишагӣ машғуланд. Агар Худованд насиб кунаду мо аз Дубай баргардем бо ин даллаҳо чӣ кор карданамонро медонем, вале ҳоло хоҳиши ягонаамон ин аст, ки номаи мо ба дасти додситонӣ, вазорати умури дохилӣ ва кумитаи амнияти Тоҷикистон расад ва онҳо барои раҳоии мо аз ғуломии танфурушӣ иқдом намоянд, илтиҷо намудаанд, занони фиребхӯрда. Онҳо дар номаи худ номи чанд зан, макони зисти онҳо дар Хуҷанд ва ҳамчунин асомии чанд нафар масъулини расмиро, ки дар интиқоли ғайриқонунии занону духтарон ба хориҷ даст доштаанд, номбар кардаанд.
XS
SM
MD
LG