Пайвандҳои дастрасӣ

Се рақиби нобаробари ҳавзаи интихоботии Вахш


Дар ҳавзаи интихоботии Вахш-32 муборизаҳои интихоботӣ барои даст ёфтан ба раъйи бештари мардум ҷиҳати вакилӣ дар парлумони Тоҷикистон миёни намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, коммунист ва номзади ғайриҳизбӣ сурат хоҳад гирифт. Номзади пешниҳодкардаи Ҳизби наҳзати исломиро комиссияи ҳавзаи мазкур ба иллати ноқисиҳо дар аснод сабти ном накардааст.
Ин дар ҳолест, ки Сайвалӣ Нуров - раиси собиқи ноҳияи Вахш- номзад аз Ҳизби халқӣ-демократӣ маъракаи таблиғотии худро шурӯъ намудааст. Ба гуфтаи оқои Нуров, ки тайи панҷ соли ахир раҳбарии ин ноҳияро бар дӯш дошт, имконияти ғолибияти ӯ дар интихобот назар ба номзадҳои дигар бештар аст. Номзади ҳизби ҳоким мегӯяд, ба мардуми ин ноҳия тайи панҷ сол хидмат кардааст ва ин басанда аст, ки ӯро дастгирӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки рақиби ӯ намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Қаюм Алимов - раиси навтаъйини идораи кишоварзии ноҳияи Вахш низ бовар дорад, дар интихоботи парлумонӣ бештари раъйдиҳандагон ба ҷонибдории ӯ раъй диҳанд. Аммо Иноятбону Қурбонназарова - раиси маркази тибби оилавии ноҳияи Вахш, ки номзадии худро ба вакилии парлумон гузоштааст, мегӯяд, бинобар камбуди маблағ наметавонад, дар васоити ахбори маҳаллӣ ба ғайр аз вақти муқарраршуда барномаҳои худро тарғиб намояд.
Барот Юсуфӣ, Вахш
XS
SM
MD
LG