Пайвандҳои дастрасӣ

Шиддати муборизаи номзадҳо дар ҳавзаи интихоботӣ


Давлатшоҳ Шарофиддинов - раиси комиссияи интихоботии ҳавзаи Кулоб гуфт, дар ин ҳавза беш аз 80 нафар барои ширкат дар интихобот ба маҷлиси шаҳриву вилоятӣ ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд ва дар интихобот ба маҷлиси шаҳрӣ бидуни Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ дигар ҳама аҳзоби сиёсии кишвар ширкат хоҳанд кард. Давлатшоҳ Шарофуддинов афзуд, ки намояндагони 3 ҳизб Ҳизби наҳзат, Ҳизби халқӣ-демократӣ ва коммунистӣ дар интихобот ба маҷлиси вилоятӣ байни ҳам мубориза мебаранд.
Ба назар мерасад, ки маҳз дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ ҳизбҳо қудрати ҳамдигарро меомӯзанд. Пешвоёни аҳзоб мегӯянд, ки номзадҳои онҳо ба маҷлисҳои маҳаллӣ ҳатман роҳ меёбанд. Шариф Сафаров, сарвари Ҳизби коммунист дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, коммунистон имкони молӣ надоштаанд, ки дар интихобот ба Маҷлиси Намояндагон ширкат варзанд. Аммо коммунистон талош доранд, ки дар ҳама ҳавзаҳои маҳаллӣ бар ҳарифон дастболо гарданд.
Ҳизби наҳзат, ки номзадаш ба вакили парлумонро комиссияи ҳавзавӣ расман ба қайд гирифт, дар се ҷабҳа мубориза мебарад. Ҳизби наҳзат ягона ҳизбе гардид, ки дар баробари ҲХДТ ҳам дар интихобот ба Маҷлиси намояндагон, ҳам дар маҷлисҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ ширкат мекунад.
Саёфи Мизроб, Кулоб

Манобеъи иловагӣ барои дарёфти иттилоот доир ба интихоботи Маҷлиси намояндагон:www.untj.orgwww.asiaplus.tj/vibori.htm
XS
SM
MD
LG