Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбарии номзадии Сайдулло Хайруллоев ба вакилии парлумон


Муҳаммади Шодӣ

Сайдулло Хайруллоев - раиси Маҷлиси Намояндагон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз ҷониби бахши минтақавии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Рашт-12 ба ҳайси номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ шудааст. Фузайлшо Идиев, раиси комиссияи ҳавзавии мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳавза се нафар ба шумули Сайдулло Хайруллоев ба қайд гирифта шудаанд. Рақибони раиси парлумони феълии Тоҷикистон дар интихобот намояндаи Ҳизби наҳзати Ислом Мирзоҳодии Мирзомуҳаммадӣ ва номзади дигар Маҳмудшо Давлатов будаанд.
Сайдулло Хайруллоев панҷ сол қабл маҳз аз ҳамин ҳавза бо касби аксарияти раъйи мардум вакили нахустин парлумонии касбии Тоҷикистон шуда буд. Ҳавзаи интихоботии Рашт-12 навоҳии Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Тавилдара ва қисман ноҳияи Нурободро дар бар мегирад ва ба гуфтаи Фузайлшо Идиев, дар комиссияи ҳавзавии интихоботии Рашт намояндагони тамоми аҳзоби фаъол дар минтақа ҳузур доранд.
Муҳаммади Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG