Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи намояндагии ODIHR барои назорати интихобот


Дафтари масоили демократӣ ва ҳуқуқи башар, як ниҳоди марбут ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(ODIHR) расман дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон 28 январ намояндагии нозирони байналмиллалии худро боз намуд. Питер Айкер - намояндаи Амрико, ки раҳбари гурӯҳи нозирони байналмилалиро ба ӯҳда дорад, зимни ифтитоҳи ин намояндагӣ гуфт, қарор аст ин ҳайъат наҳваи баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон ва чигунагии дар ҷараёни он риоят шудани қонуни нави интихоботро аз наздик назорат намояд.
Оқои Айкер ҳамчунин гуфт, нозирони байналимилалӣ бо омӯзиши раванди омодагӣ ба интихобот, меъёрҳои қонунгузориҳои Тоҷикистон ва кори васоити ахбори умум дар ҷараёни интихобот ба сатҳи мувофиқати интихоботи парлумонии ин кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ баҳо медиҳанд. Ба назари раҳбари миссия, ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни интихоботи Тоҷикистон имконоти баргузории интихоботи шаффофро афзудааст.
Дар баробари ин оқои Айкер бо зикри як нуқси Қонуни нави интихоботи Тоҷикистон гуфт, ин қонун тавозуни сиёсиро дар ҳайъати Комиссияи марказии интихобот тазмин намекунад. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ зимни таҳияи аснод ва нақшаҳои кории Комиссияи марказии интихобот шаффофияти лозим риоя нашудааст.
Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот, ба ҳайъати намояндагии нозирони хориҷӣ, ки аз сӯи Маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе даъват шудаанд, 27 нафар нозир аз 16 кишвари узви созмон шомиланд. Қарор аст даҳ нафари онҳо дар шаҳри Душанбе ва 17 тани дигар ба ҳайси нозирони дарозмӯҳлат дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба раванди омодагӣ ва баргузории интихобот назорат баранд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG