Пайвандҳои дастрасӣ

Рақобати варзишгар ва қаҳрамони ҷаҳон дар интихоботи Тоҷикистон


Муҳаммадшариф Сулаймонов, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон миёни устодони гуштини самбо танҳо намояндаи соҳаи варзиш аст, ки дар муборизоти интихоботии парлумонии соли 2005 ширкат хоҳад кард. Сармураббии дастаи мунтахаби гуштини самбои Тоҷикистон дар ҳавзаи инфиродии рақами 40, Ванҷ тариқи худпешбарӣ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
Ин паҳлавони маъруфи 53-сола дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вай дар барномаи пешазинтихоботии худ аслан ба рушди варзиш дар Тоҷикистон ҳамчун омили тансиҳатии мардум таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.

Ӯ афзуд: «Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» мувофиқи талаби замон баъзе тағйироту иловаҳо ворид кардан зарур аст. Бинобар ин дар сурати ба вакилии Маҷлиси намояндагон интихоб шудан лоиҳаи қонуни мазкурро ба муҳокимаи парлумон пешниҳод хоҳам кард. Ҳамчунин барои кам кардани ҳаҷми маблағи андоз аз соҳибкороне, ки барои рушди варзиш дар Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунанд, кӯшиш ба харҷ хоҳам дод».
Рақибони Муҳаммадшариф Сулаймонов дар ҳавзаи интихоботии Ванҷ се нафар - Нуралӣ Риоев, раиси ноҳияи Дарвоз, аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Мирзораҳим Кузов, узви Раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Амният Абдулназаров, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мебошанд.
Назруллои Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG