Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси молиёт ба дари "Нирӯи Сухан" мӯҳр задааст


Маъмурони полиси молиёти Тоҷикистон баъд аз зӯҳри чоршанбе, 26 январ нашри нотамоми ҳафтаномаи мустақили "Нерӯи Сухан"-ро дар чопхонаи мавсум ба "Кайҳон" мусодира карда, ба дари ҳам чопхона ва ҳам идораи нашрия мӯҳр задаанд. Чопхонаи "Кайҳон" низ ба сардабири "Нерӯи Сухан" Мухтор Боқизода тааллуқ доштааст.
Маъмурони полиси молиёт бидуни қарордод ва иҷозати расмӣ дар ин чопхона нашр шудани "Нирӯи Сухан" ва аз пардохтани молиёт сар печидани кормандони онро далели аслии иқдоми худ бар зидди нашрия мехонанд.
Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, дар арафаи интихоботи парлумонӣ сурат гирифтани ин иқдом баёнгари он аст, ки мақомот мехоҳанд, охирин минбари нашри ахбори алтернативиро дар кишвар аз байн бубаранд.
"Нерӯи Сухан" бори севвум аст, ҳадафи таъқиби мақомоти полиси молиёт қарор мегирад, вале ин бор боздошти нашр ва мӯҳр задани дарҳои идораи нашрия дар ҳоле сурат мегирад, ки сардабири он Мухтори Боқизода бо сафаре дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG