Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони ояндаи Тоҷикистон "Маҳфили бузургсолон" хоҳад шуд?


Аз даҳ исми ҷавон дар феҳрасти аввалияи аҳзоби сиёсӣ ба ҳангоми пешниҳоди ин рӯйхатҳо ба Комиссияи марказии интихобот дар ин рӯйхатҳо исми танҳо шаш нафар ҷавони то сивупанҷсола боқӣ монд.
Коҳиши ин шумор танҳо як иллат доштааст - набуди имкони молӣ. Ва аммо бо шумули номзадони ҷавон аз ҳавзаҳои инфиродӣ ин теъдод аз даҳ нафар зиёд хоҳад шуд.
Ҳикматулло Сайфуллозода - раиси дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, аз чаҳор ҷавон дар рӯйхати ҳизби онҳо асноди се нафар ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод шуд ва ду нафари ин номзадони ҷавон ҳамчунин аз ҳавзаҳои якмандатӣ низ пешбарӣ шудаанд.
Қамариддин Афзалӣ - раиси шӯъбаи кор бо ҷавонони Ҳизби наҳзат мегӯяд, ҳизби онҳо дар маҷлисҳои маҳаллии вилоятиву ноҳиявӣ ва шаҳрӣ номзадони зиёди ҷавонеро пешбарӣ намудааст.
Ӯ мисол меорад: «Дар ноҳияи Ҷомӣ, ки ман аз онҷо номзадии худро ба порлумон гузоштаам, аз ҳашт нафаре, ки ҳизб барои маҷлиси ноҳиявӣ пешбарӣ кардааст, шаш нафарашон ҷавон мебошанд.»
Аз се исми ҷавон дар рӯйхати Ҳизби сотсиал-демократӣ танҳо номи Раҷаби Мирзо боқӣ монд ва тавре Раҳматулло Зойиров - раиси ин ҳизб гуфт, ду исми дигар ба хотири он ки аз ҳавзаҳои якмандатӣ низ номзадии худро пешбарӣ мекунанд, аз рӯйхат ҳазф шуданд, то онҳоро пардохти дукаратаи гаравпулӣ лозим наояд. Сотсиал - демократҳо ба гуфтаи Раҳматулло Зойиров аксарияти нозирон ва ашхоси боэътимоди номзадонро аз ҳисоби ҷавонон таъин кардаанд, то ба ин васила аъзои ҷавонашон ба истилоҳ дар баҳри сиёсат ғӯта зананд.
Ягона номзади ҷавон дар рӯйхати Ҳизби халқӣ-демократӣ дар руйхат боқӣ монд ва Муҳаммадзоҳир Ҳабибов - корманди масъули ҳизб гуфт, теъдоди номзадони ҷавони ҳизб аз ҳавзаҳои якмандатӣ эҳтимол ба афзоиш дорад: «Дар ҳавзаҳои якмандатӣ низ аз тарафи ҳизби мо се ҷавон пешбарӣ шудаанд»

Қурбон Восиев - ноибраиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, (ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоров) гуфт, ҷиноҳи онҳо як нафар ҷавони то сивупанҷсола аз ҳавзаи ягона ва ду номзади ҷавони дигар аз ҳавзаҳои якмандатӣ пешбарӣ кардааст. Миёни номзадони ҳизби коммунистиву демократӣ ҷавонон нестанд.
Вале, чаро, чаро ин ду ҳизб номзадии ҷавононро пешбарӣ накардаанд?
Ягона исми ҷавон дар рӯйхати Ҳизби демократии Тоҷикистон, раиси бахши қӯрғонтеппагии ин ҳизб Саидраҳмон Назриев ба иллати надоштани имкони супоридани гаравпулӣ номзадии худро аз рӯйхат бозпас хонд. Ӯ гуфт:
«Аз вилояти Хатлон танҳо ман дар ин рӯйхат шомил будам ва мутаассифона шароити молиявиям даст надод, ки ҳуҷҷатҳоямро омода карда пешниҳод намоям.»
Ноибраиси ҳизби демократии Тоҷикистон Раҳматулло Валиев гуфт, ҳизб аз ҳавзаҳои якмандатӣ умуман ягон нафарро пешбарӣ накард ва тамоми кӯшиши худро барои рӯйхат ва барои маҷлисҳои маҳаллӣ равона хоҳад кард. Раҳматулло Валиев тақрибан бист дарсади номзадҳои ҳизб дар маҷлисҳои маҳаллиро ҷавон гуфт.
Ҳизби коммунист дар маҷмӯъ нӯҳ нафар аз ҳавзаи ягона ва ҳаждаҳ нафар аз ҳавзаҳои инфиродӣ пешниҳод кардааст, гуфт Туйғун Каримов - котиби кумитаи марказии ҳизб:
«Аз ҳама ҷавонашон соли 1960 таваллуд шудааст. Шумо мепурсед, ки чаро ҷавонон нестанд? Боз мегӯям, ҷавононе, ки мехоҳанд дар интихобот ширкат кунанд, бисёранд, афсӯс, ки гаравпулӣ калон аст.»
Раҳматулло Валиев - ноибраиси ҳизби демократӣ низ гаравпулиро монеъи асосии пешбарии номзадҳои ҷавон дидааст:
«Ҷавонони мо ҳоло он қадар қуввату он қадар имконе надоранд, ки чунин гаравпулиро супоранд ва дар интихобот мубориза баранд.»

Оё гаронии гаравпулӣ танҳо иллати камии номзадони ҷавон аст?
Гаравпулӣ (800 доллар) сабаби асосӣ номида шудааст. Ва ҳам боз, таваҷҷӯҳи ками худи ҷавонон ба сиёсат ва ҳам боварии кам ба онҳо бинобар таҷрибаи сиёсӣ надоштанашон аз омилҳои дигари шумори ками номзадони ҷавон дониста шудааст. Раҳматулло Зийиров - раиси Ҳизби сотсиал - демократӣ мегӯяд, шурӯъ аз замони шӯравӣ то ҳол одат шудааст, ки дар маснадҳои роҳбарӣ ашхоси калонсол бештар нишинанд:
«Ин чиз бенатиҷа намемонад. Ман бо бисёр ҷавонон сӯҳбат мекунам ва мегӯям, ки шумо ҳозир дар 19-20 солагиятон бояд номзадиятонро ба депутатӣ пешниҳод кунед, майлаш, аввал депутати ноҳиявӣ, баъд аз биступанҷсолагӣ депутати Маҷлиси намояндагон. Аммо одамон фикр мекунанд, ки ман 35 сола шавам, баъд пешниҳод мекунам. Вақте одам якум бор дар сивупанҷсолагӣ пешниҳод мекунад, аллакай барои сиёсатмадор шудани ӯ боз даҳ - понздаҳ соли дигар лозим аст. Нафақахӯр мешаваду баъд сиёсатмадор мешавад.»
Ба ҳамин тариқ, гаравпулӣ, дониши ками сиёсии ҷавонон ва набуди хоҳиши худи онҳо барои ба сиёсат даст задан ва ҳам боварӣ надоштани ҷавонон ба худ ва ҳамчунин боварии ками мардум ба ҷавонон омилҳои аслии ҳамин теъдоди ками ҳамагӣ иборат аз тақрибан понздаҳ номзади ҷавон дар интихоботи порлумонӣ будааст ва ин дар кишваре, ки мувофиқи арқоми расмӣ ҳафтод дар сади аҳолияшро ҷавонони то сивупанҷсола ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG