Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳроҳи Дуғорун-Ҳирот ифтитоҳ мешавад


Рӯзи чаҳоршанбе Ҳомиди Карзай - раисиҷумҳури Афғонистон бо Муҳаммади Хотамӣ - раиси ҷумҳури Эрон дар шаҳри Теҳрон тавсиаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии миёни ду кишварро баррасӣ карданд. Раҳбарони ҳар ду кишвар рӯзи панҷшанбе ба шарқи Эрон мераванд ва шоҳроҳи автомобилрави Дуғорун-Ҳиротро ба таври расмӣ дар Ислом Қалъа - шаҳраки марзии Афғонистон ифтитоҳ мекунанд.
Ҷониби Эрон сохтмони ин роҳро дар қаламрави худ бар ӯҳда дошт ва барои такмили сохтмони он 60 милён доллар сарф кард. Ғуломнабӣ Фароҳӣ - муовини аввали вазири тиҷорати Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ низ метавонанд, аз ин роҳ тавассути қаламрави Афғонистон колоҳои худро ба бандарҳои Халиҷи Форс бирасонанд ва аз он ҷо тавассути роҳҳои обӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёбанд.
Оқои Фароҳӣ гуфт, ҳоло қисмати аввали ин роҳ то Ҳирот барои баҳрабардорӣ омода аст. Сохтмони қисматҳои баъдии ин шоҳроҳ аз Ҳирот ба Форёбу Андхой ва Мазори Шариф идома меёбад ва ба шоҳроҳи Кобул-Ҳайратон мепайвандад. Ба ин тартиб роҳҳои автомобилрави кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ин роҳ пайваст хоҳад шуд. Муовини аввали вазири тиҷорати Афғонистон гуфт, сохтмони ин роҳ дар қаламрави Афғонистон дар ду-се соли оянда ба поён мерасад ва дар ин сохтмон сармоягузорони хориҷӣ кумак мекунанд.
Нурмуҳаммади Холзода, Прага
XS
SM
MD
LG