Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти аъзои кумисюни интихоботӣ ва нозирони байнулмилал


Кумисюни марказии интихоботии Тоҷикистон ва ҳайати нозирон аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар як мулоқоти давомдор вижагиҳои қонуни нави интихоботи Тоҷикистон, мутобиқати матнҳои инглисӣ ва русии баъзе нукоти он, ҳузури намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар кумисюнҳои интихоботӣ, ширкати нозирон дар марҳилаҳои гуногуни интихобот ва дигар масъалaҳоро баррасӣ карданд.
Тавре гуфта мешавад, дар ҷараёни интихоботи гузаштаи порлумони Тоҷикистон дар соли 2000-ум чанд иллат ба сар задани тақаллубу хатокориҳо сабаб гардид, аз ҷумла мавҷудияти қитъаҳои овоздиҳӣ дар биноҳои ҳукуматӣ, дахолати мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ ба рафти интихобот.
Намояндагони Кумисюни марказии интихоботии Тоҷикистон гуфтанд, бахши аъзами пешниҳод ва эроди созмонҳои байналмилалӣ дар робита ба интихоботҳои гузашта ба Қонуни нави интихоботи Тоҷикистон ворид шудаанд.
Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҳоле ба Тоҷикистон омаданд, ки сабти номи номзадҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ идома дорад ва баъзе номзадҳо ба таблиғи барномаи худ шурӯъ кардаанд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG