Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти аҳзоби мухолиф аз номзади ҳизби ҳоким


Кулоб

Ахиран Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) дар водии Кӯлоб бо се ҳизби дигар пайваста, аз номзадии Абдуҷаббор Шамсов, додситони минтақа ва номзад аз Ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ҷонибдорӣ кард. Номзадии Шамсовро Ҳизби коммунист, Ҳизби сотсиалистӣ ҳам ҷонибдорӣ кардаанд. Абдуҷаббор Шамсов ягона нафарест, ки соҳиби шаҳодатномаи номзадӣ шуд ва расман ба маъракаи таблиғотӣ аз 25 январ шурӯъ кардааст. Абдусамади Ғайрат- номзад аз Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, то ҳанӯз се номзади дигар расман ба қайд гирифта нашудаанд ва имкони шурӯъи маъракаи таблиғотро надоранд: «Мутаассифона ҳоло маъракаи ташвиқоту табриғотии худро шурӯъ накардаем. Сабабаш ин мебошад, ки комиссияи ҳавзавӣ то ҳол асноди моро тафтиш доранд ва умед аст, ки пас аз ин тафтишот ба ин шаҳодатномаи номзадӣ мушарраф мегардем ва ташвиқу тарғибро шурӯъ мекунем.» Коршиносон мегӯянд, ҳамакнун дар ҳавзаи интихоботи Кӯлоб усулан ду ҳизб мубориза хоҳанд бурд. Ҳизби наҳзат, ки номзадии намояндаи ӯро ягон ҳизби дигар ҷонибдорӣ накард ва ҳизби ҳоким, ки аз номзади ӯ 3 ҳизби фаъоли дигар ҷонибдоранд.
Сайёфи Мизроб, Кӯлоб
XS
SM
MD
LG