Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон дар соли нав


Дар ҷаласаи нахустини ҳукумати Тоҷикистон дар соли равон, тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва лоиҳаи ислоҳи Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро тасдиқ ва барои тасвиби парлумон ирсол шудааст. Ҳангоми баррасии созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи тартиб ва шароити саҳми Русия дар эҳдоси нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1, сохтмони корхонаи тавлиди алюминий дар ҳудуди вилояти Хатлон ва корхонаи коркарди нафт Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар таърихи муносиботи иқтисодиву тиҷоратии кишвараш бо Русия марҳилаи созандаву самарабахш оғоз шудааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмонов, дар чаҳорчӯби тавофуқоти миёни Тоҷикистон ва Русия бештар аз 60 миллион доллари амрикоӣ танҳо барои сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда-1 сармоягузорӣ хоҳад шуд ва ин имкон хоҳад дод корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот оғоз шавад.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ,ки маблағгузории онро ҳукумати Эрон ба ӯҳда дорад ва ҳам сохтмони Сангтӯда-1, ки бо сармояи Русия бунёд мешавад то соли 2008 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар ҳамин ҳол Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаҳои ба моликияти Русия табдил додани пойгоҳи назорати кайҳонии Норак ва созишнома доир ба ҳайъат ва сохтори пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Ҳамчунин Маҷлиси намояндагон созишномаи муваққатӣ оид ба масоили тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди энержии атомии Аврупоро ба тасвиб расонд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG