Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон


Ин ҳизб аз интихоботи соли 200 ба ин сӯ дар порлумони Тоҷикистон аксарияти комилро ташкил медиҳад.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 1994 бо номи Ҳизби халқии-Тоҷикистон вориди саҳнаи сиёсии кишвар ва раиси он Абдулмаҷид Достиев - муовини раиси Шурои Олии Тоҷикистон, ҳоло муовини раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Ин ҳизб замоне арзи вуҷуд намуд, ки дар Тоҷикистон ба ҷуз Ҳизби коммунист, дигар ҳизбҳо ва созмонҳои сиёсӣ ба монанди Ҳизби наҳзати ислом, Ҳизби демократӣ ва созмонҳое ба монанди "Растохез", "Лаъли Бадахшон" ва иттиҳодияҳои дигар бар асари ҷанги дохилӣ ва баъди ба сари кор омадани ҳукумати нав Тоҷикистонро тарк карданд. Баъди ин бо супориши раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов Ҳизби халқии Тоҷикистон таъсис шуд.

Ин ҳизб як ҳафта баъд аз баргузории анҷумани нахустин 15 декабри соли 1994 дар Вазорати адлияи кишвар расман сабти ном шуд. Ин дар ҳоле буд, ки давлатмардон ва сиёсатмадорони кишвар бо баргузории иҷлоси 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти ҳукумати муросои миллӣ поён доданд ва кишвар аз марҳилаи мухолифатҳои сиёсӣ, аз ҷумла майдоннишиниҳо, ба марҳилаи мухолифтаҳо аниқтараш ба давраи ҷанги шаҳрвандӣ ворид шуда буд.

Нерӯҳои мусаллаҳи мухолифини пешин бо неруҳои интизомии ҳукумати Раҳмонов меҷангиданд. Бо ин ҳол яке аз барномаҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ ба қавли намояндагони он, ба даст овардани сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар будааст.

Дар остонаи имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар тобистони соли 1997, Ҳизби халқии Тоҷикистон анҷумани сеюми худро баргузор кард ва дар ин ҳамоиш номи ҳизб тағйир дода ва ба он калимаи "демократӣ" илова гардид ва минбаъд ин ҳизб бо номи Ҳизби халқӣ-демократӣ шинохта шуд.

10 марти соли соли 1998 президент Эмомалӣ Раҳмонов шомили ин ҳизб шуд ва пас аз як моҳ ба ҷойи Абдулмаҷид Достиев раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ интихоб шуд.
Ба қавли коршинсон, бо интихоботи Раҳмонов ҳизби мазкур ба Ҳизби коммунист дар замони шӯравӣ табдил ёфт ва масъулини вазоратхонаҳо, кумитаҳои давлатӣ раиси ҳукуматҳои вилоятҳо, навоҳӣ ва шаҳрҳо, ба нишони садоқат ба Раҳмонов ба ин ҳизб шомил шуданд.

Ва бо истифода аз имконоти молии мақомоти расмии кишвар ин ҳизб ба зудӣ дар сартосари кишвар густариш ёфт. Ва ҳоло ба унвони яке аз ҳизбҳои бонуфуз дониста мешавад.

Пас аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон, ки аслан бо иқдоми ҳам ҷониби ҳукумат ва ҳам Иттиҳодияи оппозитсиюни пешин сурат гирифт Ҳизби халқӣ-демократӣ самтҳои муборизаи сиёсии худро тағйир дод. Он сиёсатеро, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ меписандад, меҳвари аслии барномаи ҳизб таъйин ва барномаи ҳукумати Тоҷикистон тақрибан бо барномаи ҳизб муштарак карда шуд.

Шиори расмии ҳизб низ мушаххастар шуд:унёди ҷомеаи демократӣ, давлати навини Тоҷикистон, ки мақсади асосии он ҳифзи суботи сиёсӣ таввасути ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ ва густариши ҷараёни демократикунонии ҷомеа мебошад."
XS
SM
MD
LG