Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзад бояд пули газу барқро ҳам пардохта бошад?


Раиси бахши Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон Карамхудоев изҳор дошт, ки коммиссияҳои маҳаллии интихоботӣ дар ин вилоят қабули асноди номзадҳои пешбаришуда аз ин созмонро бо ҳар роҳу баҳона ба таъхир меандозанд. Ба гуфтаи вай, комиссияҳои маҳаллӣ аш номзадҳои ҲНИТ аз ҷумла аснодеро тақозо кардаанд, ки аз обу газ қарздор набудани онҳоро собит кунад.
Оқои Карамхудоев гуфт, маълум кардани қарздор будан ё набудани номзад аз ширкатҳои барқ ё обу корез дар қонуни интихобот навишта нашудааст ва ин талабот ғайриқонунист.
Котиби комиссияи интихоботи вилояти Бадахшон Соҳибназаар Холиқназаров ҳам чунин тақозо кардан аз номзадҳо ба вакилии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллиро муғоир бо муқаррароти қонун номидааст.
Оқои Холиқназаров гуфт, аз он номзадҳое, ки аз номи ҳизби сиёсӣ пешбарӣ мешаванд, ба ҳангоми сабти ном бояд танҳо қарори ҷаласаи ҳизб ва аризаи номзадии вай тақозо карда шавад.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Радиои Озодӣ, Бадахшон
XS
SM
MD
LG