Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаҳои шумо - Гуфторе аз захми табар ва сухан - Тоҷикистон дар Китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннес


Шунавандагон ва хонандагони саҳифаи интернетии мо дар бораи забони барнома ва гузоришҳо фикрҳои зидди якдигар менависанд. Яке ин забонро танқид мекунад ва дигаре таъриф, аммо хориҷиён мегӯянд, ки аз рӯи ин саҳифа ва барномаҳои забони тоҷикиро меомӯзанд.
Сухан чӣ нирӯ дорад. Раҳгузарон дар кӯчаҳои Душанбе мегӯянд, захми сухан абадист ва бояд дар ҳама ҳолат сухани хуш гуфт, ҳатто агар розӣ ҳам набошед. Ақидаи онҳоро пизишкон ва равоншиносон тасдиқ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҷомеъаи Тоҷикистон, ки дарду ғами ҷангу гурезагиро аз сар гузарондааст, ба сухандармонӣ ниёз дорад. Эътиқод ба сухан ва дин, ки дар тоҷикон қавист, метавонад ба шифои зуди захмҳои нонамоён мадад кунад.
Фирдавсӣ навишта буд, ки Рустам аз модар паҳлавон ба дунё омад. Бисёриҳо инро афсона мепиндоштанд, аммо ба наздикӣ дар Бразил кӯдаке таваллуд шуд, ки 7 килограмму 570 грамм вазн дошт. Бойтарин одами ҷаҳон ва баландтарин бино кадом аст. Калонтарин офат чӣ? Ҳамаи инро мешавад, аз Китоби ҳодисаҳои фавқулоддаи Гиннес хонд. Аммо оё ягон бор номи Тоҷикистон ва ё ягон тоҷик ба ин китоб афтодааст. Бале, як дафъа ва он ҳам чанд сол пеш...
Шумо вақте ба аёдати бемор меравед, чӣ суханҳо мегӯед ва оё фарзанди худро ҳам ба он ҷо мебаред ва чаро? Ба ин савол шунавандагони мо ҷавобҳои аҷоиб доданд.
Ҳамаи ин дар барномаи Ҳамнафас, ки Абдураҳим Умарзода, Сафаргули Олимӣ, Латифи Латифӣ, Раҳматкарими Давлат ва Салими Аюбзод таҳия мекунанд.
Ин хати сабзро клик кунед ва он барнома ҳувайдо мешавад
XS
SM
MD
LG