Пайвандҳои дастрасӣ

Сотсиал-демократҳо Суғд вориди саҳнаи интихоботӣ мешаванд


Бахши Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як сол қабл таъсис ёфта буд ва инак барои аввалин маротиба дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ширкат меҷӯяд. Чаҳор намояндаи сотсиал - демократҳо аз ҳавзаҳои инфиродии Суғд барои бори аввал барои иштирок дар интихоботи парламентӣ пешбарӣ шудаанд. Дилбар Самадова - сарвари бахши суғдии ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: «Аз ҳавзаҳои интихоботии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Истаравшан - Файзинисо Воҳидова, Низомидддин Бегматов, Шокирҷон Ҳакимов Бахтиёр Насруллоевро ҳамчун довталаб аз Ҳизби сотсиал - демократӣ барои иштирок дар интихобот пешбарӣ кардаем.»

Дар ҳамин ҳол 2 тан аз намояндагони Ҳизби сотсиал - демократӣ Файзинисо Воҳидова ва Шокирҷон Ҳакимов, ки аз ҳавзаҳои инфиродии интихоботии Суғд барои иштирок дар интихоботи парламентӣ пешбарӣ шудаанд, ҳамчунин дар рӯйхати ҳизбии сотсиал - демократҳо низ ба ҳайси номзад сабти ном шудаанд.
Дилбар Самадова афзуд, пардохти гаравпулӣ барои ҳар як довталаби иштирок дар интихоботи парламентии Тоҷикистон баробари беш аз 700 доллари амрикоӣ ва мушкилоти молиявии бахши навтаъсиси Ҳизби сотсиал - демократ дар Суғд нагузоштааст, то теъдоди бештари номзадҳои худро вориди саҳнаи интихоботи парламентӣ намоянд.
Аммо Абдуҷамил Сатторов - сарвари комиссияи марказии интихоботии Суғд мегӯяд, теъдоди номзадҳои пешбаринамудаи Ҳизби сотсиал - демократӣ аз 70 ҳавзаи вилоятии минтақаи шимоли Тоҷикистон барои иштирок дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллии Суғд низ чандон зиёд нест: «То санаи 24-уми январ аз Ҳизби сотсиал - демократӣ 10 нафар номзад ба маҷлисҳои маҳаллии вилояти Суғд пешбарӣ шудаанд.»

Вале номзадҳои бахши суғдии Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон дар ҳоле вориди саҳнаи интихоботӣ мешаванд, ки намояндагони ин ҳизб ба комиссияҳои ҳавзаии вилоятӣ роҳ наёфтаанд. Абдуҷамил Сатторов, сарвари комиссияи марказии интихоботи дар вилояти Суғд, сабаби инро ба саривақт пешниҳод нашудани рӯйхати аъзои Ҳизби сотсиал - демократӣ ба раисони комиссияҳои ҳавзаҳои вилоятӣ марбут донист.
XS
SM
MD
LG