Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин шикоятҳои расмӣ ба Комиссияи марказии интихоботӣ


Намояндаи Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба номнавис нашудани чанд номзад дар ҳавзаҳои интихоботии ноҳияҳои Фархор, Маскав ва Ҳамадонӣ аризаҳои расмии шикоятӣ гирифта, ба тафтиш ва ҳалли онҳо машғул мебошад. Абдуҷаббор Раҳмонов, як нафар тоҷир, ки номзадии худро барои дарёфти ҳаққи ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи инфиродии рақами 34-и Фархор пешбарӣ кардааст, бинобар худдории комиссияи ҳавзаи интихоботӣ аз сабти номи ӯ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шикоят бурдааст.
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот бо тасдиқи ин хабар гуфт, ин ягона шикояти нафарони пешбаригашта барои дарёфти унвони номзад ба вакилии парлумони кишвар аз вилояти Хатлон нест.
Дар ҳоле, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон сабаби ин ҳодисаҳоро дар ҳавзаҳои интихоботии Фархор, Маскав ва Ҳамадонӣ мушаххас накардааст, раиси дастгоҳи комиссия тахмин мезанад, шояд дар мавриди ҷамъоварии имзоҳо аз сӯи нафарони шикоятнамуда тақаллубкорӣ сурат гирифта бошад.
Аммо ин дар ҳолест, ки намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ дар мавриди пайдо накардани масъулон ва ҳатто қароргоҳҳои ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Душанбе ба Комиссияи марказии интихобот шикоят бурданд.
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, ба комиссия танҳо нафарони пешбаришуда аз ҳавзаҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шикоят кардаанд ва дар ҳавзаҳои интихоботии дигар манотиқи кишвар низ омӯзиши асноди нафарони пешбаришуда ба номзадии порлумон идома дорад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG