Пайвандҳои дастрасӣ

Мӯҳлати тафтиши парвандаи Ғаффор Мирзоев боз ду моҳ дароз карда шуд


Додситонии низомии Тоҷикистон бо эълони пайдо шудани "ҷузъиёти нави таҳқиқталаб" мӯҳлати пажӯҳиши парвандаи ҷиноии Ғаффор Мирзоев, раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири ин кишварро ба ду моҳи дигар дароз кард.
Манучеҳр Нуров, муфаттиши додситонии низомии Тоҷикистон вобаста ба ҷузъиёти тозаи парвандаи генерал Мирзоев маълумот надод, вале гуфт, маводи бозрасӣ ниҳоят зиёд шудааст ва додситонӣ метавонад то анҷоми кори бозрасӣ мӯҳлати тафтишро тамдид кунад.
Дар ҳамин ҳол Қаюм Юсуфов як тан аз вакилони дифои Ғаффор Мирзоев гуфт, тайи шаш моҳ мешавад, ки мақомоти бозрасӣ тафтиши қазияи Ғаффор Мирзоевро идома медиҳанд, вале дар аксари маворид шикоёти нафари муттаҳам холисона санҷида намешавад. Вай гуфт, баъд аз он ки додгоҳ аризаи Ғаффор Мирзоевро барои тағйири шароити боздошти ӯ қонеъ накард, ҳайати вакилон ва худи генерал Мирзоев ба додгоҳи конститутсионӣ шикояти тоза пешниҳод кардаанд.
Ғаффор Мирзоев раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва фармондеҳи собиқи Горди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Душанбе аз тарафи нирӯҳои амниятии кишвар боздошт шуд ва додситонии кулли кишвар ӯро бо панҷ банди Қонуни ҷиноии кишвар - сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ, нигаҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ ба миқдори махсусан зиёд, убури ғайриқонунии марз ва напардохтани молиёт айбдор кард. Мӯҳлати пажӯҳиши парвандаи ӯ бори саввум аст, ки дароз мешавад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG