Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон


Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, ба хотири таъмини шароит барои ширкати ҳама шаҳрвандони ин кишвар дар интихоботи парлумонии рӯзи 27 феврал дар чандин кишвари хориҷӣ, аз ҷумла дар Русияву Амрико ва дар Афғонистон ҳавзаҳои интихоботӣ боз мекунад.
Муҳибуллоҳ Додоҷонов, раиси дастгоҳи КМИРТ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мувофиқи қарори КМИРТ дар бораи ташкили қитъаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси Намояндагон, дар давлатҳои хориҷӣ қитъаҳои махсуси интихоботӣ боз мешаванд. Чунин қитъаҳо аз ҷумла дар Русия дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Екатеринбургу Новосибирск, Перму Кемерово ва Самараву Волгоград ташкил хоҳанд шуд. Яъне дар ҳамон шаҳрҳое, ки шумори бештари муҳоҷирини тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус, шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон, шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон ва дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон чунин қитъаҳо фаъолият хоҳанд кард."
Оқои Додоҷонов гуфт, чунин қитъаҳо дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шарифи Афғонистон низ боз шуда, ҳамчунин қарор аст, барои шаҳрвандони тоҷик дар Амрикову Аврупо ҳам шароити раъйгирӣ дар интихоботи парлумони Тоҷикистон фароҳам оварда шавад. Аз ҷумла дар шаҳрҳои Вашингтону Ню-Йорки Амрико, дар шаҳри Бруксели Белжик ва дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия қитъаҳои интихоботӣ боз хоҳанд шуд, гуфт Муҳибуллоҳ Додоҷонов дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи вай, барои нахустин бор КМИРТ дар хориҷ аз ин кишвар ба чунин миқдори зиёд ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG