Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи парлумон - мавзӯъи баҳс дар сӯҳбатҳои интернетии ҷавонон


Дар робита ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон Маркази дастрасӣ ба интернет IATP, марбут ба созмони IREX барои ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа ва ҳамтоёни онҳо аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва Кӯлоб мусоҳибаи интернетӣ барпо кард.
Рустам Байрамов, аз ҷумлаи ширкаткунандагони мусоҳибаи интернетии мазкур дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон барои бори аввал райъ хоҳад дод, пас анҷоми мусоҳиба-чати интернетӣ гуфт, ба кулли суолҳои худ дар мавриди интихобот аз Кумиссиюни марказиии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон маълумот гирифтааст: "Дар ин мусоҳибаи интернетӣ ман дар бораи фаъолияти ҳизбҳо, тариқи баргузории интихобот, маъракаҳои тарғиботии номзадҳо ва дар парлумон чанд нафар ҷой мегиранд, маълумот гирифтам."
Рустам Байрамов ҳамчунин афзуд, Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон ба суоли ӯ дар мавриди ин ки кадом созмонҳои хориҷӣ интихоботи парлумонии Тоҷикистонро назорат хоҳанд кард, посух додааст, ки интихоботи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистонро 50 нафар аз кумитаи иҷроияи кишварҳои узви ИДМ, 50 нафар аз ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, 60 нафар аз комиссияи марказии интихоботи кишварҳои узви ИДМ, 130 нафар аз САҲА, 40 нафар аз сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва нозирони дохилӣ назорат хоҳанд бурд.
Ба эътиқоди Рустам, таъсиси чунин як мусоҳиба-чатҳои интернетӣ изофа бар наздик намудани равобити ҷавонони манотиқи мухтлалифи кишвар мусоидат намуда, ҳамчунин дониши онҳоро дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат ва фарҳангу маданият афзоиш медиҳад.
Гуфтанист, Маркази дастрасӣ ба интернети шаҳри Қӯрғонтеппа дар робита бо дигар марказҳои омӯзишии интернетии созмони IREX дар манотиқи мухталафи Тоҷикистон раванди мавзӯъоти рӯз ва муҳими ҷомеаи кишварро бо таъсиси чунин як сӯҳбатҳои интернетӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор медиҳад.
Қарор аст, маркази зикршуда бо ширкати хабарнигорони васоити ахбори манотиқи мухталифи кишвар ва коршиносони сиёсӣ низ мавзӯъи интихоботи парлумониро бо баргузории як мизигирд аз тариқи Интернет баррасӣ намояд.
Барот Юсуфӣ, Радиои Озодӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG