Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як нафар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут- Таҳрир дар Суғд


Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ахиран як нафари дигар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шудааст.
Аз ин нафар, ки мақомот ӯро Мирпочоев ва сокини 31-солаи ҷамоати Ҳайдар Усмонов ном мебаранд, ба ҳангоми боздошт теъдоде аз шабномаҳо ва китобҳои "Низоми Ислом" ва "Давоми Ислом"-ро кашф ва мусодира кардаанд.
Ба гуфтаи мақомот, оқои Мирпочоев ҳанӯз дар соли 2000 бо Ҳизби Таҳрир равобит барқарор намудааст.
Ҳизб-ут-Таҳрир як созмонест, ки барои ташкили хилофати воҳиди исломӣ дар қаламрави ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ талош мекунад. Фаъолияти ин созмон ҳам дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам дар Русия мамнӯъ эълон шудааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG