Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси масоили мубориза бо терроризм дар Душанбе


Нишасти машваратии мақомоти амниятиву интизомии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиёи Марказӣ шоми 21 январ дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе паси дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон ба кори худ поён дод.
Бар асоси як баёнияи фишурдае, ки дар поёни ҳамоиш нашр шуд, дар нишасти Душанбе масоили таҳияи феҳрасти созмонҳои террористиву тундрави мазҳабӣ ва феҳрасти сарон ва аъзои чунин гурӯҳҳои мамнуъ дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон, роҳҳои муборизаи муштарака ва дастаҷамъонаи ин кишварҳо бо тандгароии мазҳабиву сиёсӣ ва соъири хатароте, ки ба суботи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд, баррасӣ шудааст.
Содда сохтани наҳваи таҳвили афроди гумонбар ба фаъолиятҳои террористӣ, роҳҳои мубориза бо қочоқи инсону аслиҳа ва маводи мухаддир ва муқобила бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз масоили дигари матрӯҳа дар гуфтугӯҳои ин мақомот дар пойтахти Тоҷикистон будааст.
Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиёи Марказӣ Узбакистону Тоҷикистон, Қазоқистону Қриғизистонв а Русияро муттаҳид мекунад.
Холиқи Сангин, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG