Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавзӯъи интихобот дар матбуоти Суғд


12 расонаи электронии ғайриҳукуматии вилояти Суғд дар пайи шуруъи марҳалаи тарғиботи пешазинтихоботӣ дар кишвар бо имзои як созишнома муқарраротеро дар мавриди ҷудо намудани вақтҳои маҳдуд барои барномаҳои тарғиботии аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои инфиродӣ рӯи даст гирифтаанд.
Тибқи муқаррароти радио ва телевизионҳои мустақили Суғд, барои пахши барномаҳои тарғиботии аҳзоби сиёсӣ аз тариқи ин расонаҳо то рӯзи интихобот - 15 дақика ва барои ҳар яке аз номзадҳо 10 дақиқа танҳо барои мусоҳиба вақт ҷудо шудааст. Ҳамчунин, мувофиқи созишномаи байни расонаҳои мустақили электронии Суғд, боз барои пахши навори рекламаи ҳар номзад аз тариқи ин расонаҳо то 30 сония бо имкони даҳ маротибаи пахш ва филми муаррифии номзадҳо то 5 дақиқа бо имкони ду маротиба такрор имконият фароҳам шудааст.
Ва ин дар ҳолест, ки қонуни интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имконоти расонаҳои электронии мустақили ин кишварро дар мавриди пахши барномаҳои тарғиботии аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо маҳдуд накардааст.
Ба гуфтаи Олим Қориев, сарвари телевизиони ғайриҳукумати «Осиё» дар шаҳри Хуҷанд, радио ва телевизионҳои ғайриҳукуматии Суғд ба хотири таъмини имконоти баробари пахши барномаҳои тарғиботии пешазинтихоботӣ аз тариқи ин расонаҳо ба чунин тасмим расидаанд: «Мо, сарварони расонаҳои электронии мустақил, бо созишномаи худ ба чунин қарор омадем, ки даромади пахши барномаҳои тарғиботии интихоботиро байни ҳам баробар ва одилона тақсим намоем, на ба тавре ки касе аз мо тавонист, даромади зиёд ба даст биёварад ва он кӣ натавонист, бо дасти холӣ боқӣ монад. Ба қавле, мо мехоҳем ин "нон"-ро дар байни расонаҳои ғайриҳукуматӣ ба таври мутамаддин ва одилона қисмат намоем».
Аммо дар ҳоле ки 12 расонаи мустақили Суғд барои тақсими мунсифонаи "нон"-и интихобот дар байни худ омодагӣ мегиранд, сарони бахшҳои вилоятии ҳизбҳои сотсиал - демократ, наҳзати ислом ва демократ маҳдуд шудани вақти пахши барномаҳои тарғиботии аҳзоб ва номзадҳоро аз ҷониби расонаҳои электронии мустақил дар ин минтақаро мухолиф ба қонуни интихобот ва нақзи ҳуқуқи худ дар мавриди истифодаи озодона аз ин расонаҳо меҳисобанд. Дилбар Самадова, сарвари бахши Ҳизби Сотсиал - Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо ишора ба ин ки банди 39-уми қонуни интихобот истифодаи шароити баробар аз васоити ахбори умумро замонат додааст, мегӯяд: "Дар он ҷо гуфта нашудааст, ки расонаҳои давлатӣ. Пас, ин нукта ба ҳама васоити ахбори умум дахл дорад. Инчунин, дар банди дигари ин модда омадаст, ки номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд шаклҳои барномаҳои ташвиқотии худро мустақилона муайян намоянд. Ин созишномае, ки байни расонаҳои электронии ғайридавлатии Суғд баста шудааст, ба ҳамин ду моддаи қонуни инхобот мухолифат мекунад."
Аммо дар қонуни интихоботи Тоҷикистон ва тарҳи пешниҳоднамудаи Комиссияи Марказии Интихоботи ин кишвар дар бораи танзими мизони мушорикати васоити ахбори электронии ғайриҳукуматӣ сухан нарафтааст.
Абдуҷамил Сатторов, сарвари комиссияи интихоботи вилояти Суғд мегӯяд, пахши барномаҳои тарғиботии ҳизбу номзадҳо дар расонаҳои электронии мустақил бояд тибқи шартномаи байни онҳо сурат бигирад: «Ба ҳар номзади ҳизбҳои сиёсӣ ва ё ғайриҳизбӣ аз ҳавзаҳои якмандатӣ барои истифода аз радиову телевизиони давлатӣ то 15 дақиқа ва ба ҳар ҳизби сиёсӣ то 30 дақиқа вақт бепул ҷудо карда мешавад. Аммо дар телевизиону радиоҳои ғайридавлатӣ барномаҳои номзадҳо аз рӯи қарордод бо ҳамон расонаи хабарӣ пахш карда мешавад.»
Дар ҳамин ҳол, Убайдуллоҳ Файзуллоев, раҳбари бахши суғдии Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон аз он ки расонаҳои мустақили Суғд доираи истифодаи озоди аҳзоб ва номзадҳоро аз ин расонаҳо маҳдуд кардаанд, изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт: «Дар кишваре, ки рӯ ба иқтисоди бозаргонӣ ниҳодааст, расонаҳои мустақил давраи пулкоркуниро аз даст дода истодаанд ва назар ба муқаррароти қонуни интихобот, вақти камтареро барои барномаҳои тарғиботии интихоботии мо гузошта истодаанд.»
Аммо Олим Қориев, сарвари телевизиони мустақили «Осиё» дар Хуҷанд мегӯяд, маҳдуд кардани вақти пахши барномаҳои тарғиботӣ дар расонаҳои электронии мустақили Суғд баръакс ба манфиати аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои ҷудогона хоҳад буд: «Ба хотири пешгирӣ аз ин ки ҳизбҳои доро имкони истифодаи бештар аз эфири моро надошта бошанд, мо чунин тасмим гирифтаем. Амсоли нишондоди қонуни интихобот дар мавриди расонаҳои давлатӣ, мо , сарварони расонаҳои электронии ғайридавлатӣ, низ бо имзои созишнома тамоми истифодабарандагони худро дар мавқеъи баробар гузоштем.»
Ба ҳамин тартиб, мувофиқи муқаррароти созишномаи расонаҳои электронии мустақили Суғд, номзадҳо ва бахшҳои аҳзоби сиёсӣ дар ин минтақа дар давраи маъракаи тарғиботии пешазинтихоботӣ танҳо имкони пахши мусоҳиба, наворҳои рекламавӣ ва филмҳои кӯтоҳмуддатро аз тариқи ин расонаҳо дар муддати на бештар аз 40 дақиқа ба даст овардаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG