Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳорсолаи нави Буш шурӯъ шуд


Латифи Латиф

Дар Вашингтон таҳти чораҳои шадиди амниятӣ маросими савганди 43-юм президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш, барои даври дуюми чорсолаи президентӣ баргузор шуд ва дар он Буш гуфт, кишвараш муборизаро барои густариши демократия ва адолат дар ҷаҳон идома хоҳад дод.
Буш аз ёдоварии Ироқ худдорӣ кард, аммо гуфт, Амрико ӯҳдадориҳои сангинро, ки бар дӯш гирифтааст, наметавонад, дар нимароҳ канор афканад. Вай гуфт, мӯътақид аст, ки ҳар миллат ва ҳар давлат озодиро мехоҳад, аммо афзуд, Амрико ба он нахоҳад кӯшид, ки афкору низоми худро бархилофи суннатҳо бар сари онҳо бор кунад.
Мароисм бо иштироки наздик ба 500 ҳазор нафар, ба ҷумлаи меҳмонони хориҷӣ ва давлатмардони дохиливу аҳли оилаи онҳо баргузор гашта, ба думболи он парад ва зиёфати идона доир шуданд.
Дар пайти савганди Буш даҳҳо нафар бо шиорҳои зарурати хатми ҷанг дар Ироқ ва тағйири сиёсати хориҷию дохилии ҳукумати президент Буш ба намоиш баромаданд. Полис онҳоро ба маросим роҳ надод ва маросим бе халал ба поён расид.
Латифи Латифӣ, Ню Йорк
XS
SM
MD
LG