Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нирӯи Сухан" бояд 50 000 сомонӣ ҷарима диҳад


Ахиран мурофиаи додгоҳӣ миёни нашрияи мустақили "Нирӯи Сухан" ва як устоди риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ки бештар аз панҷ моҳ идома дошт, бар манфиати дуввумӣ ба анҷом расидааст.
Тибқи ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ҷиҳати ҷуброни зиёни маънавӣ ва паст задани шарафи Неъмат Абдуллоев, мудири кафедраи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон нашрияи "Нирӯи Сухан" муваззаф шудааст 50 000 сомонӣ пардохт кунад.
Файзалӣ Нозилов, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва масъули муҳокимаи қазияи мазкур дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, даъвои Неъмат Абдуллоев - мудири кафедраи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар асоси аризаи шикоятии вай дар заминаи бархе аз маводи мунташира дар нашрияи "Нирӯи Сухан", ки ӯро ба ришваситонӣ айбдор мекард, муҳокима шуд. Оқои Нозилов гуфт, дар ҷараёни мукаррари баррасии додгоҳ нашрия натавонист ҷиҳати исботи мавқеи худ мадрак ва далел дар ихтиёри додгоҳ бигузорад.
Моҷаро миёни устоди Донишгоҳи Миллӣ ва "Нирӯи Сухан" замоне бархост, ки дар ин нашрия матлабе дарҷ ва дар он гуфта шуд, оқои Абдуллоев бар ивази баҳо аз донишҷӯе 50 сомонӣ ришва пурсидааст. Оқои Абдуллоев ин матлабро бофта хонда, муаллиф ва нашрияро ба додгоҳ кашид. Ӯ зарари маънавии расида ба худашро ба 200 ҳазор сомонӣ мусовӣ дониста, аз додгоҳ тақозо кард, ки ин маблағро аз нашрия ва муаллиф бирӯёнад.
Аммо Мухтор Боқизода, сардабири нашрияи мустақили "Нирӯи Сухан" гуфт, ба қарори додгоҳ розӣ буда наметавонад ва нашрия ва муаллифи мақола бо ирсоли аризаи шикоятӣ аз додгоҳи таҷдиди назар баррасии такрории ин қазияро тақозо хоҳанд кард.
Абдуқайюми Қайюмзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG