Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими футболи Тоҷикистон ба Арабистони Саъудӣ хоҳад рафт


Дастаи миллии футболи Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо мунтахаби Арабистони Саудӣ омодагӣ мегирад. Бино ба иттилоъе, ки Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ дод, нахустин ҷамъомади имсолаи таълимию тамринии дастаи мунтахаби ин кишвар рӯзи панҷшанбе, 20 январ дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе таҳти раҳбарии сармуррабӣ Шариф Назаров шурӯъ шуд.
Ба гуфтаи Шавкат Аҳмадов, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба манзури ширкат дар бозии дӯстона бо тими миллии Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе, 22 январ ба он кишвар сафар хоҳад кард. Бозии контролӣ миёни ин дастаҳо, ки 25 январ дар шаҳри Ар-Риёд баргузор хоҳад шуд, барои мунтахаби мизбонон қабл аз ширкат дар марҳилаи дуввуми Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2006 як навъ санҷиш маҳсуб мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG