Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳс дар Бадахшон: Вақти таблиғи номзадҳо бояд чӣ тавр тақсим шавад?


Ғарибшоҳ Ғарибшоев, раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон(ҲСДТ) дар вилояти Бадахшон ва номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон дар яке аз ҳавзаҳои инфиродии ин вилоят, муқаррароти қонуни интихобот дар мавриди тартиби ташвиқоти номзадҳоро баҳсбарангез номид.
Ин қонун барои таблиғи ҳар номзад аз ҳавзаи инфиродӣ тавассути радиову телевизионҳои маҳаллӣ 15 дақиқа ва барои ҳар ҳизб 30 дақиқа вақт муқаррар мекунад, вале маълум нест, ки ин 15 ё 30 дақиқа барои танҳо таблиғи телевизионист, ё барои радио ва ё барои ҳар ду.
Ғарибшоҳ Ғарибшоев мегӯяд, акнун онҳо маҷбуранд фурсати маҳдуди барои онҳо ҷудошударо байни радио ва телевизион баробар тақсим кунанд, вале, мегӯяд ӯ, фурсати додашуда барои таблиғи пурраи барномаҳои пешазинтихоботии онон кифоят намекунад.
Дар ҳамин ҳол, Баҳодур Саодатшоев, раҳбари идораи радио ва телевизиони вилояти Бадахшон гуфт, онҳо намедонанд, ки агар аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида таблиғи худро тавассути радио ва телевизиони марказӣ ба роҳ гузоранд, оё расонаҳои маҳаллӣ боз ҳам муваззаф ҳастанд, ки ба онҳо вақти дигар диҳанд?
Ва аммо Муҳибуллоҳ Додоҷонов, раиси дастгоҳи КМИРТ дар ташреҳ ба ин масъалаи бархоста дар вилояти Бадахшон гуфт, барои ҳар номзади инфиродӣ 15 дақиқа вақт дар телевизион ва 15 дақиқаи дигар дар радио ҷудо карда хоҳад шуд ва агар худи номзад фурсати камтар аз 15 дақиқа сухан ронад, вақти боқимондаро метавонад нафари муътамади ӯ боз ҳам барои таблиғи ин номзад истифода кунад.
Файзи Мирҳасан, Радиои Озодӣ, Бадахшон
XS
SM
MD
LG