Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пеши роҳи вуруди намояндагони эътилоф ба ниҳодҳои интихоботиро кӣ гирифта буд?


Бештари аъзо ва масъулини комиссияҳои интихоботӣ дар 41 ҳавзаи интихоботии кишвар аз шумори афроди мансабдори ҳукумати маҳаллӣ ва намояндагони Ҳизби ҳокими Халқӣ- Демократӣ таркиб ёфтааст. Дар феҳристи асомии аъзои комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ, ки «Садои мардум» - нашрияи Маҷлиси Намояндагон ба табъ расонидааст, ҳеҷ як узв ва ё намоянда аз эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шаффофу демократӣ ба сифати раис, ноиб ва ё дабир зикр нашудааст.
Намояндагони аҳзоби сиёсии узви ин эътилоф бо изҳори нигаронӣ аз вазъи мавҷуд мегӯянд, баргузории як интихоботи шаффофу мунсифона дар интихоботи парлумонии моҳи феврал дар кишвар баъид ба назар мерасад.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, раҳбари дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки нақши комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъаҳои раъйдиҳӣ дар натиҷагирии интихобот таъйинкунанда мебошад. Аз ин лиҳоз, меафзояд оқои Сайфуллоҳзода, Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсиҳои Тоҷикистон(КМИРТ) зери таъсири ҳукумат нафарони вафодор ба ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва мансабдорони маҳаллиро бештар узви комиссияҳои қитъавӣ ва ҳавзаҳои интихоботӣ кардааст.
Ӯ мегӯяд: "Ҳамаи раисон, муовинҳо ва котибон дар ҳавзаҳо аксари кулл намояндагони ҳизби ҳокиманд, ки ин метавонад таъсир дошта бошад дар натоиҷи интихобот ба манфиъати ҳамин ҳизб. Вақте ки дар телевизион мо мебинем, ки дар Хатлон чорабиниҳои муҳими интихоботиро раиси он вилоят Амиршоҳ Миралиев сарварӣ ва дар бораи интихобот таъкидоти зиёд мекард, фикр мекунам, таъкид шуда истодааст ба таҳти назорат гирифтани интихобот аз ҷониби ҳукумат."
Ба назари Раҳматуллоҳ Валиев - муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ташкили қитъа ва комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ бо дастури бевоситаи мақомот сурат гирифтааст, ки ҳадаф аз ҷо надодан ба намояндагони аҳзоби шомили эътилоф барои интихоботи шаффофу демократӣ маҳдуд кардани ҳузури онҳо мебошад.
Оқои Валиев мегӯяд: "Интихобот асосан дар ҳамин қитъаҳо мегузарад, протоколҳо дар ҳамин қитъаҳо пур карда мешаванд ва ҳайъати комиссияҳои қитъавӣ пурра аз ҳисоби намояндагони ҳукуматҳои маҳаллист, ки ба пуррагӣ аъзо ва тарафдорони ҳизби ҳоким мебошанд. Яъне ин комиссияҳо аз ҳисоби танҳо як ҳизб ташкил шуда, манфиати ҳамин ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократиро дар қитъаҳо ҳимоят хоҳанд кард."
Аммо Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИРТ, ки масъулияти таъсис ва ташкили ҳавзаҳо ва комиссияҳои ҳавзавиро дар ихтиёр дорад, гуфт, мақомот ба кори ӯ мудохила накардаанд. Оқои Болтуев гуфт, ки аз аҳзоби сиёсӣ ба такрор исми узв ва намояндаашонро барои феҳристи аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ дархост кардааст, вале ба ин далел, ки аз пуштибонӣ ва ҷонибдории андак бархӯрдор ҳастанд, ин аҳзоб натавонистаанд саривақт афроди худро вориди ин комиссияҳо ва ё қитъаҳои раъйдиҳӣ кунанд.
Мирзоалӣ Болтуев ҳамчунин гуфт: "Канӣ, Кабирӣ аст, ё Нурӣ, ва ё Раҳматуллоҳ Зир, онҳоро ин ҷо биор, ки бигӯянд ба ман, ки ман намояндаамро овардам, ки бигир, раис монаш, ё муовин ва ё котиби комиссия, аммо Болтуев накард. Нодуруст аст! Барои чӣ назди Болтуев нарафтӣ, то исми намояндаатро бигӯӣ? Барои чӣ намеоянд, то масъаларо сари маҳалл бо мо ҳалл кунанд? Мо онҳоро аз телефон кардан безор мешавем, ки эй бародарҳо, мӯҳлати пешбарӣ ба охир расид. Ҳукуматҳо моро мегӯянд, ки намояндаҳои онҳоро мо дар ҷойҳо ёфта наметавонем. О, мо ҳайронем, ки ҳамроҳи кӣ кор кунем!?"
Ба назари Абдуғанӣ Муҳаммадазимов - раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон - ишғоли вазоифи масъул дар қитъа ва комиссияҳои ҳавзавӣ ва бештар ворид кардани аъзои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар онҳо замина барои шубҳа ва тардид дар натоиҷи интихоботи парлумонӣ хоҳад шуд. Аммо оқои Муҳаммадазимов ҳамзамон таъкид кард, ки аҳзоби сиёсии узви эътилоф метавонанд бо истифода аз мусоидати нозирон ҷойе барои шубҳа дар натиҷагирии интихоботро боқӣ нагузоранд.
Дар ҳамин ҳол, Элизабет Литл, мушовири барномаи Бунёди Байналмилалии Низомҳои Интихоботӣ (IFES) дар Тоҷикистон мегӯяд, ин як масъулияти ахлоқӣ барои ҳар як узви қитъа ва ё ҳавзаи интихоботист, ки ҳангоми шумориши оро ва натиҷагирӣ новобаста аз тааллуқот ба ин ё он гурӯҳи сиёсӣ амал кунад.
Аммо, меафзояд хонум Литл, "ин маълум аст, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ аз тарафи ин ё он нафар гоҳо тақаллуб ва қонуншиканӣ сурат мегирад ва ин дар ҳар кишвар ва дар ҳар куҷо мушоҳида мешавад."
XS
SM
MD
LG