Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои Теҳрон ширкат хоҳанд кард


Рӯзи сешанбе, 18 январ дар Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон(КМОТ) ҷараёни омодагии дастаи мунтахаби бонувони ин кишвар ба Бозиҳои занони пойтахтҳои кишварҳои осиёӣ ва исломӣ дар Теҳрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, дабири кулли КМОТ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бозиҳо, ки рӯҳои 23 - 31 январ дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор хоҳанд шуд, занони варзишкори тоҷик дар риштаҳои варзиши сабук, карате, таэквандо ва тирандозӣ рақобат хоҳанд кард.
Дар айни ҳол, дар ҳайъати дастаи мунтахаби бонувони тоҷик ҳудуди 20 нафар таҳти раҳбарии мураббиёни варзидаи ин кишвар дар беҳтарин иншооти варзишии шаҳри Душанбе тамрин мекунанд. Миёни онҳо занони варзишкори маъруфи тоҷик, ғолибони мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ - тирандоз Сурайё Ҷумъаева, таэквондочӣ Таҳмина Исомова, каратечӣ Нигора Тӯраева ва даванда Дилафрӯз Додобоева ҳастанд.
Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон 24 январ ба Эрон сафар хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф,Радиои Озодӣ,Душанбе
XS
SM
MD
LG