Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 ташхисгоҳи нави HIV/AIDS барои вилояти Суғд


Бо пуштибонии молии Бунёди Глобалӣ таҷҳизоти лозим ҷиҳати таъсиси 4 маркази ташхиси норасоии масъунияти бадан HIV/AIDS дар вилояти Суғд ба маркази вилоятии мубориза бо СПИД расонида шуд.
Бар асоси маълумоти дафтари Бунёди Глобалӣ дар Тоҷикистон, ин ташхисгоҳҳо барои санҷиши муҳоҷирини корӣ ва кӯдакони хиёбонӣ таъсис дода мешаванд.
Муродбоқӣ Бекназаров, ҳамоҳангсози барномаи Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бо СПИД дар мавриди зарурати таъсиси чунин марказҳо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон гуфт: "То кунун аз тарафи ин бунёд 13 ташхисгоҳ дар шаҳру вилоятҳои кишвар таъсис дода шудааст,аммо мизони афзояндаи гирифторон ба норасоии масъунияти бадан заруратеро пеш овардааст, ки шумораи ташхисгоҳҳо дар он минтақаҳои дур, ки мардумаш имкони дастрасӣ ба марказҳоро надоранд, бештар карда шавад."
Дар ҳамин ҳол, Аъзам Мирзоев, мудири маркази ҷумҳуриявии мубориза бо HIV/AIDS ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ташхисгоҳҳо аслан афроде, ки аз муҳоҷирати корӣ бармегарданд, ва афроди мӯътод ба маводи мухаддиру танфурӯшон таҳти муоина ва ташхис қарор хоҳанд гирифт. Аммо ба қавли оқои Мирзоев, як мушкили умда дар роҳи мубориза бо СПИД камбуди муттахасисини ботаҷриба мебошад: "Дар солҳои шӯравӣ ин гуна муттахасисон дар хориҷа омӯзонда мешуданд, ҳоло бошад чунин имкон вуҷуд надорад. Дар донишгоҳи тиббӣ як чунин факулта вуҷуд дошт, ки он ҳам ҳоло фаъолият намекунад."
Ташхисгоҳҳои норасоии масъунияти бадан дар ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки бахши аъзами муҳоҷирони тоҷик сокинони ҳамин вилоят мебошанд, таъсис хоҳанд ёфт. Ва ҳамчунин бо кумаки молии Хазинаи Глобалӣ дар соли равон 2 чунин марказ дар вилояти Хатлон низ таъсис дода хоҳад шуд.
Тибқи иттилои маркази ҷумҳуриявии мубориза бо IHV ва СПИД дар ҳоли ҳозир дар сартосари ҷумҳурӣ 317 нафар гирифторони HIV. вируси ангезандаи бемории СПИД ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миён 148 нафараш аз аҳли вилояти Суғд будаанд.
Сафаргули Олимӣ, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG