Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насби дурбинҳои назоратӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе


Дар фурӯдгоҳи Душанбе барои бори аввал аст, ки дурбин ё камераҳои назоратӣ насб шудааст. Ин дурбинҳо дар тамоми толорҳои фурӯдгоҳ, аз ҷумла дар толорҳои бозрасӣ ё назорати бағоҷи мусофирон ва дар баромадгоҳҳо гузошта шудааст. Ба гуфтаи масъулони фурӯдгоҳ, ин иқдом натанҳо боиси беҳбуди тадобири амниятӣ хоҳад шуд, балки инчунин метавонад мавридҳои ришваситонӣ ва рафторҳои ношоистаи кормандони мақомоти мустақар дар фурудгоҳро низ сабт кунад.
Дар чанд рӯзе, ки ин дастгоҳҳо насб шудааст, чанд маврид нақзи ҳуқуқи мусофирон ва ғоратгарӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ ошкор шудааст. Юрий Федюшкин, сардори хадамоти таъмини амнияти парвозҳои фурӯдгоҳи Душанбе мегӯяд: "Баъди мулоқоти раисиҷумҳур бо намояндагони додситонӣ ва мақомоти интизомӣ дастурҳои мушаххас дода шуд ва бояд иқрор кард, ки пас аз он кори аксари ниҳодҳои марбута, мисли додситонии нақлиёт беҳбуд ёфтааст. Аз ҷумла 4 нафар аз кормандони кумитаи марзбонӣ боздошт шуданд. Парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқ идома дорад."
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар чанд ҳафтаи пеш аз фаъолияти мақомоти интизомӣ ва масъулони фурӯдгоҳ шадидан интиқод ва изҳори нигаронӣ карда буд.
Аммо Юрий Федюшкин насби дурбинҳои назоратиро бисёр муҳим ва муассир арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, бо насби ин дурбинҳо умедвор аст, ки вазъ беҳбуд пайдо кунад: "Баъди насби ин дастгоҳҳо беҳбуди муносибат ва хидматгузорӣ мушоҳида мешавад. Намояндагони ниҳодҳои интизомӣ ва кормандони идораи мо низ чун медонанд, ки рафтори ношоистаи онҳо ва бархӯрди дағалонаашон бо мусофирон сабт мешавад ва баъдан нисбати онҳо тадобир андешида мешавад, аз ин хотир вазъ хеле беҳбуд пайдо кардааст. Вале ҳамоно наметавонем бигӯем, ки мавридҳои тамаъҷӯӣ ё пулситонӣ аз мусофирон комилан бартараф шудааст."
Ба гуфтаи оқои Федюшкин, акнун бозрасӣ ё назорати бағоҷ ё бори мусофирон танҳо дар ҷойи муқаррар ва дар толори назорати гумрукӣ сурат мегирад. Қаблан ҳар кадоме аз ниҳодҳои интизомӣ бозрасиҳоро дар толорҳои мухталиф анҷом медод. Бозрасии бағоҷ ё мусофири гумонбар ба қочоқ низ акнун бояд қаблан мувофиқа шавад.
Ҳамчунин дар фурӯдгоҳи пойтахт телефони боварӣ ташкил шуда ва мусофирон метавонанд бо ин телефон арзу шикояти худро бирасонанд. Бар иловаи ин, дар фурӯдгоҳ навбатдории шабонарӯзии додситонии нақлиёт низ ба роҳ монда шудааст, ки ба фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ назорат мекунад.
Раҳматкарими Давлат, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG