Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе иддаои Вошингтонро ба шиддат радд мекунад


Мақомоти амниятии Тоҷикистон баёнияи ҳукумати Амрико мабнӣ ба таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбари маводи мухаддир ба амнияти атбои ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистонро бепоя арзёбӣ карданд.
Ахиран департаменти давлатии Амрико бо интишори як баёния аз идомаи таҳдиди гурӯҳҳои қочоқчӣ ва террористӣ ба амнияти шаҳрвандон ва манофеъи ин кишвар дар Тоҷикистон ихтор додааст. Дар баёния омадааст, гурӯҳҳои террористии вобаста бо шабакаи Ал- Қойида, ба шумули Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон(ҲИӮ), ки дар марзҳои Тоҷикистон низ фаъолият мебаранд, ҳоло ҳам як манбаи хатаровар боқӣ мондаанд.
Мирзоватан Ҳасаналиев, муовини дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ баёнияи департаменти давлатии Амрикоро дар арафаи интихоботи парлумонии кишвар дур аз воқеият хонд.
Ӯ гуфт: "ҲИӮ баъди сар шудани маъракаи зиддитеррористӣ дар Афғонистон базаи худро гум кардааст ва баъзе нафарони тарафдоре, ки дар Ӯзбакистон дошт, онҳоро ҳам дастгир карда истодаанд. Ягон хафву хатар аз тарафи ҲИӮ дар арафаи интихоботи дарпешистодаи Тоҷикистон нест ва нахоҳад буд."
Фаррух Умаров, коршиноси тоҷик , дар ин робита гуфт: "Он чӣ ки роҷеъ мешавад ба мавҷудияти гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон ё гурӯҳҳои боқимонда аз давроин ҷанги шаҳрвандӣ, ягон асос надорад, зеро ҳанӯз чанд сол пеш нирӯҳои ҲИӮ ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ аз шарқи Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд."
Ин дар ҳолест, ки Майкл Ҳолл - раҳбари Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ дар Тоҷикистон вуҷуди авомили хатарбор ба амнияти минтақа ва Тоҷикистонро инкор накард.
Вай гуфт, чунин қувваҳо вуҷуд дорад, вале имконот ва қудрати онҳо хеле заиф мебошад: "Албатта, боқимондаҳои ин гурӯҳҳо ҳаст. Ин сирр нест, ба фикри ман. Ин аз як тараф метавонад як заминаи сиёсӣ дошта бошад, чунки агар ҳақиқатан ҳам кадом як амали террористӣ содир шавад, давлати Амрико мехоҳад, ки касе натавонад айбдораш кунад, ки пештар ягон чиз нагуфта буд. Албатта, имконияташ ҳаст."
Дар ҳамин ҳол, бо истинод ба охирин маълумотҳо, таъкид шудааст дар баёнияи департаменти давлатии Амрико, эҳтимоли имкони ҳамлаи ҷангиён ба шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Бар изофа, омадааст дар ин баёния, Тоҷикистон яке аз роҳҳои маъмули қочоқи маводи мухаддир маҳсуб мешавад ва аз ин лиҳоз хатароти ношӣ аз ин омилро метавон интизор дошт.
Абдуқайюми Қайюмзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG