Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии "Регар-ТадАЗ" дар мусобиқоти Ҷоми СНГ


Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои чаҳорякфиналии Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Назди Балтик, ки дар шаҳри Маскав идома дорад, маҳрум шуд. Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» дар ҳар ду бозӣ аз рақибони худ шикаст хӯрд. Бозии «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сконто»-и Рига бо ҳисоби 1 бар 4 ва бо «Пюник»-и Ереван бо ҳисоби 1 бар 5 анҷом ёфт. Ғолиби ин гурӯҳ акнун рӯзи 18 январ дар бозии байни «Сконто» - қаҳрамони футболи Латвия ва «Пюник»- қаҳрамони Арманистон муайян хоҳад гашт.
Ҳамчунин дар даври дуввуми мусобиқот «Нефтчӣ»-и Озарбойҷон бар «Небитчӣ»-и Туркманистон бо ҳисоби 4 бар 1, «Ғайрат»-и Қазоқистон бар дастаи мунтахаби ҷавонони Русия бо ҳисоби 3 бар 1 ғалаба карданд. «Пахтакор»-и Узбакистон бар «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Каунас»-и Литва бар «Тбилиси»-и Гурҷистон ва «Левадия»-и Эстония бар «Динамо»-и Беларус бо ҳисоби якхелаи 1 бар 0 пирӯзӣ ба даст оварданд.
Ба ин тартиб, баъди ҷамъбасти бозиҳои ду даври мусобиқот дар гурӯҳи «А» «Левадия»-и Таллинн бо 4 хол дар ҷойи аввал, «Ғайрат»-и Алма-Ато ва «Динамо»-и Минск бо сехолӣ мувофиқан ҷойҳои дуввуму севвумро ишғол мекунанд. Ин се даста муборизаро барои як роҳхат ба чаҳорякфинал идома хоҳанд дод. Дар гурӯҳи «В» «Каунас»-и Литва бо 6 хол дар садри ҷадвал қарор дорад ва довталаби аслии роҳхат ба марҳилаи дуввуми мусобиқот маҳсуб мешавад. «Пахтакор»-и Тошканд ва «Тбилиси»-и Гурҷистон бо натоиҷи мушобеҳ - сехолӣ ва таносуби якхелаи тӯбҳо зинаҳои минбаъдаи ҷадвали ин гурӯҳроо ишғол мекунанд. Ин дастаҳо низ ҳанӯз имкони ба чаҳорякфинал баромаданро аз даст надодаанд. Вале «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, ки дар ҳарду бозӣ мағлуб шуд, сарфи назар аз натиҷаи бозии охирини худ аз ширкат дар марҳилаи дуввум бенасиб монд. Ва ниҳоят дар гурӯҳи «Д» «Нефтчӣ»-и Боку бо 6 хол аз ду бозӣ ҷойи аввалро ишғол кард ва нахустин шуда миёни ширкаткунандагони ин мусобиқот ба чаҳорякфинал роҳ ёфт. Дастаҳои «Шериф»-и Молдова ва «Небитчӣ»-и Туркманистон, ки дар бозии аввали худ аз қаҳрамони Озарбойҷон мағлуб гаштанд, дар даври навбатӣ байни худ қувваозмоӣ хоҳанд кард, вале натиҷаи он ба мавқеи ғолиби гурӯҳ таъсире нахоҳад расонд.
Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG