Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбарии номзадҳо ба Маҷлиси Намояндагон дар минтақаи Кӯлоб


Аз 6 ҳизби расман дар мавзеъ номнавис шуда, 3 ҳизб як номзади воҳид - Абдуҷаббор Шамсов, додситони минтақаи Кӯлобро номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ кардаанд.
Ахиран Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон(ҲСТ) дар минтақаи Кӯлоб низ ба Ҳизби Коммунист(ҲК) ва Ҳизби Халқиву Демократии Тоҷикистон(ҲХДТ) пайваста, аз номзадии номзади ҲХДТ Абдуҷаббор Шамсов ҷонибдорӣ кард. Ҳмзби сотсиал демократ (ҲСДТ) ва Ҳизби демократ (ҲДТ) дар маъракаҳои интихоботӣ дар ин минтақа ширкат намеварзанд ва ба ин тартиб, дар ҳавзаҳои интихоботии минтақаи Кӯлоб танҳо ду ҳизб - ҲХДТ ва Ҳизби Наҳзати Ислом (ҲНИТ) - байни ҳам мубориза хоҳанд бурд.
ҲНИТ дар 4 ҳавзаи инфиродӣ бо намояндаи ҳизби ҳоким дар рақобат қарор мегирад. Саидумар Ҳусайнӣ, дабири кулли ҲНИТ дар ҳавзаи Мӯъминободу Ховалинг, Абдусамади Ғайрат, раиси минтақавии ин ҳизб дар ҳавзаи Кӯлоб ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи раиси ҳизб дар ҳавзаи Фархору Панҷ ба ҳайси довталаб номнавис шудаанд.
3 ҳизби дигари демократ, сотсиалист ва коммунист ба далели мушкилоти молӣ аз имкони ширкат дар интихобот ба Маҷлиси Намояндагон дар минтақаи Кӯлоб маҳрум мондаанд. Ва аммо ҲСДТ, баъди аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум мондани Султон Қувватов аз ҳавзаи инфиродии Кӯлоб ягон номзади дигарро пешбарӣ накард.
Дар ҳамин маврид, ду тан аз чеҳраҳои шинохта дар водӣ, Самариддин Фазлиддинов, мудири кулли корхонаи пахтаи ноҳияи Восеъ, мавсум ба ҶС "Самар", ва Ҳикматуллоҳ Насриддинов, собиқ вазири хоҷагии оби ҷумҳурӣ мутаносибан аз ҳавзаҳои Восеъ ва Кӯлоб тариқи худпешбарӣ дар интихобот ширкат меварзанд.
Сайёфи Мизроб, Радиои Озодӣ, Кӯлоб

Тафсилоти ин матлаб дар гӯшаи "Сиёсат"
XS
SM
MD
LG