Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майдони интихоботи Кӯлоб барои аксари аҳзоб тангӣ кард


Аз 6 ҳизби расман дар мавзеъ номнавис шуда, 3 ҳизб як номзади воҳид - Абдуҷаббор Шамсов, додситони минтақаи Кӯлобро номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ кардаанд.
Ахиран Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон(ҲСТ) дар минтақаи Кӯлоб низ ба Ҳизби Коммунист(ҲК) ва Ҳизби Халқиву Демократии Тоҷикистон(ҲХДТ) пайваста, аз номзадии номзади ҲХДТ Абдуҷаббор Шамсов ҷонибдорӣ кард. ҲСДТ ва ҲДТ дар маъракаҳои интихоботӣ дар ин минтақа ширкат намеварзанд ва ба ин тартиб, дар ҳавзаҳои интихоботии минтақаи Кӯлоб танҳо ду ҳизб - ҲХДТ ва Ҳизби Наҳзати Ислом (ҲНИТ) - байни ҳам мубориза хоҳанд бурд.
ҲНИТ дар 4 ҳавзаи инфиродӣ бо намояндаи ҳизби ҳоким дар рақобат қарор мегирад. Саидумар Ҳусайнӣ, дабири кулли ҲНИТ дар ҳавзаи Мӯъминободу Ховалинг, Абдусамади Ғайрат, раиси минтақавии ин ҳизб дар ҳавзаи Кӯлоб ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи раиси ҳизб дар ҳавзаи Фархору Панҷ ба ҳайси довталаб номнавис шудаанд.
Абдусамади Ғайрат - раиси ҲНИТ дар водии Кӯлоб мегӯяд, ҳамакнун моҷарои бо "АмонатБонк" доштаи номзадҳо аз ин ҳизб, ки бо интиқоли гаравпулӣ бастагӣ дошт, рафъ гардида ва ҳамаи номзадҳо ба маъракаи таблиғотӣ омодагӣ мегиранд: «Ҳамаи намояндагони ҲНИТ, ки аз ҳавзаҳои Мӯъминободу Кӯлобу Фархор пешбарӣ шудаанд, ахиран гаравпулиҳои худро тавассути "АмонатБонк"-и Кӯлоб супориданд ва шомили маъракаи таблиғотӣ шуданд.»
Тибқи иттилоъи расмӣ, танҳо ҳизби ҳоким номзадҳои худро дар ҳама ҳавзаҳои инфиродии минтақа пешбарӣ кардааст. Ҳамроҳ Бозоров, раҳбари ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар интихоботи қарибулвуқӯъ ҳизби ҳоким аз роҳу усули демократии мубориза истифода хоҳад бурд: «Мо ба касе зидд нестем, тавре ки мегӯянд, майдон аз далер аст. Марҳамат, кор карда тавонанд, биоянд ба майдон, натавонанд, кори худи онҳост. Интихобот ҳамин аст.»
4 ҳизби дигар аз имконияти ширкат дар интихобот ба Маҷлиси Намояндагон дар минтақаи Кӯлоб маҳрум мондаанд. Шариф Сафаров, муншии ҲКТ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, сабаби асосии аз ширкат дар интихобот канор мондани ин ҳизб адами пул будааст: «Сабаби бевоситаи даст кашидан аз пешбарии номзадии худи коммунистҳо ҳамин буд, ки аъзои мо ин маблағи гаравпулиро надоранд.»
Ҳамроҳхон Сафаров - раиси ҲДТ дар Кӯлоб мегӯяд, демократҳои Кӯлоб на минбар барои таблиғу ташвиқ доштанд ва на тавони пардохтани маблағи гаравпулиро ва аз ин рӯ ин ҳизб умуман ба муборизаҳои интихоботӣ ҳамроҳ нашуд: «То имрӯз ягон минбаре надидаам, ки аз мо бохабарӣ карда бошаду пурсида бошад, ки шумо киед, чӣ марому мақсад доред, дар интихоботи дарпешбуда иштирок мекунед ё не?»
Ва аммо ҲСДТ, баъди аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум мондани Султон Қувватов аз ҳавзаи инфиродии Кӯлоб ягон номзади дигарро пешбарӣ накард.
Дар ҳамин маврид, ду тан аз чеҳраҳои шинохта дар водӣ, Самариддин Фазлиддинов, мудири кулли корхонаи пахтаи ноҳияи Восеъ, мавсум ба ҶС "Самар", ва Ҳикматуллоҳ Насриддинов, собиқ вазири хоҷагии оби ҷумҳурӣ мутаносибан аз ҳавзаҳои Восеъ ва Кӯлоб тариқи худпешбарӣ дар интихобот ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG