Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи ҳафта - Саидамир Зуҳуров, муовини собиқи сарвазир ва раҳбари нави нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон


Зуҳуров Саидамир чеҳраи нисбатан писандида, маъруф ва мавриди писанди ҷомеъа аз ҷамъи аъзои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов дар тамоми тӯли умри ин ҳукумат будааст. Саидамир Зуҳуров 54 сол дорад, генерал-полковник, зодаи ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон мебошад. Донишгоҳи омӯзгории Душанберо бо ихтисоси муаррих дар соли 1975 хатм карда ва аз соли 1977 афсари Кумитаи Амнияти Давлатӣ(КГБ)-и Иттиҳоди Шуравӣ ё СССР будааст. Ӯ ҳамчунин дар мактаби махсуси амният дар шаҳри Минск ва донишкадаи забони форсии КГБ дар Маскав таҳсил кардааст. Генерал Зуҳуров дар аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар Афғонистон адои хидмат намуда ва дар барномаи махсуси озодсозии сарбозони шуравӣ аз асорати муҷоҳидини афғон фаъолият кардааст. Ва аз он замон бо шахсиятҳои муҳими муҷоҳидин робита барқарор мекунад.
Генерал Зуҳуров то пойизи соли 1992, ки раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар давлати Эмомалӣ Раҳмонов таъйин шуд, сардори идораи амнияти миллӣ дар вилояти собиқи Кӯлоб буд.
Зуҳуров дар солҳои 1992 -1999 раёсати Кумитаи амнияти миллӣ, вазорати дохила ва вазорати амниятро бар дӯш дошт. Дар соли 1999 ӯ ба симати муовини сарвазир дар умури амният ва дифоъ таъйин шуд.
Саидамир Зуҳуров замоне бештар дар миёни ҷомеъа машҳур шуд, ки ба унвони вазири дохила дар айни ривоҷи қумандонсолорӣ иқдом ба ҷилавгирӣ аз нуфузи фармондеҳон кард. Дархости ӯ аз Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои лағви ваколати намояндагии Хӯҷа Каримов, аз фармондеҳони пурқудрати Фронти Халқии пешин, ки дар иртикоби ҷиноёт гумонбар мешуд, номи генерал Зуҳуровро бештар ошно кард. Агарчанд на ҳамеша дар иҷрои ин барномаҳо муваффақ ба дар омадааст.
Ва акнун интисоби генерал Зуҳуров ба ҳайси фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ низ бозгӯи ин воқеъият аст, ки президент Раҳмонов дар лаҳазоти ҳассос ба шахсиятҳои назири генерал Зуҳуров рӯи ниёз овардааст.
Ин таъйинот дар замоне сурат мегирад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ихроҷи нирӯҳои русӣ аз марзи ин кишвар бо Афғонистон аз чанд ҷиҳат бо мушкил рӯбарӯ шудааст. Яке фишор ва интиқодоти хориҷӣ, ки нирӯҳои Тоҷикистон шояд қудрати ҳифозат аз марзро надоранд ва аз сӯи дигар ҳам, нигаронии худи Тоҷикистон, ки оё қодир ба иҷрои ҳимояти марзҳояш ҳаст ё не. Аз ҷониби дигар ҳам, нигаронии созмонҳо ва кишварҳо, ки интизор доранд, ки бо хуруҷи нирӯҳои русӣ аз марз қочоқи маводи мухаддир афзоиш пайдо мекунад.
Дар чунин шароите, генерал Зуҳуров раиси кумитаи марзбонӣ таъйин шудааст.

Аммо аз таъйини Саидамир Зуҳуров ба ин мақом чӣ интизор метавон дошт?

Қосимшоҳ Искандаров, мудири маркази мутолиъоти низоъҳои минтақавӣ мегӯяд, интисоби генерал Зуҳуров ба ин мақом як навъ паём ва додани итминони хотир барои касонест, ки аз хуруҷи нирӯҳои русӣ нигаронӣ доштанд: "Таъйини Саидамир Зуҳуров ба мақоми навро фақат бо фоли нек метавон дид, чунки дар Тоҷикистон шахсияти ӯ ба ҳама маълум аст ва шахсияти хеле арзанда аст. Дар тамоми мақомоте, ки ифои вазифа менамуд, талоши хеле зиёде ба харҷ доданд барои таъмини тартибот дар ҷомиа ва барои овардани сулҳу назм ба Тоҷикистон. Ва имрӯз ҳам, ки ба мақоми вазири ҳифзи сарҳадот таъйин шуданаш аз ҷониби президент ҳам ба он мақсад аст, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки як марзи хеле ҳассос ҳисоб мешавад ва сарҳадбонони Русия аз ин ҷо хориҷ шуда истодаанд, ба як шахсияте, ба як фармондеҳе ниёз дорад, ки амнияти ин марзҳоро таъмин карда тавонад. Ва фикр мекунам, ки шахсияти Саидамир Зуҳуров барои ин вазифа дар ҳамин мавқеъу замон хеле муҳим аст ва арзанда ҳам ҳаст."

Ба андешаи соҳибназарон, Саидамир Зуҳуров дар амри кӯмак ба нирӯҳои шимоли Афғонистон дар муқобили Толибон ва Ал-Қоида ба унвони вазири амнияти миллии Тоҷикистон бештар аз ҳар шахсияти дигар нақш доштааст. Худи ӯ мегӯяд: "Аҳмадшоҳи Масъуд, чӣ фикру ақидае ки дошт, ҳамеша ҳамроҳи ман маслиҳат мекард, маслиҳат мепурсид, агарчанде ки вай мӯҳтоҷи маслиҳати ман ҳам набуд. Ва азбаски ба хонаи ман ҳам доим рафтуомад дошт, рӯзи маргаш нафақат ман, балки ҳама фарзандонам ва оилаам ҳам гиря карданд."

Аммо Қосимшоҳ Искандаров: "Замоне ки Афғонистон ва кишварҳои Шарқ, аз ҷумла Тоҷикистон, бо хатари хеле ҷиддии терроризми байналмилалӣ мувоҷеҳ буданд, Саидамир Зуҳуров ҳамкориҳои хубе бо Иттиҳоди Шимоли Афғонистон дошт ва дар гирифтани пеши роҳи ин хатар ва овардани сулҳу субот дар минтақа кори зиёдеро анҷом додааст. Махсусан чунин ҳамкориҳои хуб бо Аҳмадшоҳи Масъуд ба роҳ андохта шуда буд ва Тоҷикистон ба истилоҳ ба як ақибгоҳи Ҷабҳаи Шимол табдил ёфта буд ва аз ҳамин тариқ ба он ҷабҳа кӯмакҳо мерасонданд."

Аммо ҳамагӣ як ҳафта аст, ки генерал Зуҳуров ба курсии фармондеҳии нирӯҳои марзбонӣ такя зада, ки ба андешаи худи ӯ, бисёр мушкил аст, бигӯӣ, дар иҷрои ин амр муваффақ ба дар хоҳад омад ё на. Аммо муҳимтар аз ҳама, мегуяд ӯ, бояд шубҳаро аз дили худамон ба дар кунем, то дигарон шубҳавар нашаванд, ки мо ба ҳимояти марзҳоямон қодир ҳастем ё на.
XS
SM
MD
LG