Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти аввали "Регар-Тадаз" дар Маскав


Понздаҳуми январ дар шаҳри Маскав бозиҳои даври аввали Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ оид ба футбол барпо шуданд. Дастаи "Регар-Тадаз" қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби як бар чор ба дастаи "Сконто"- и Латвия мағлуб шуд. "Динамо"- и Тбилисӣ "Пахтакор"- и Узбакистонро бо ҳисоби ду бар як ноком кард. Бо ҳамин ҳисоби ду бар як "Каунас"- и Литва- бар "Дордой", "Динамо"- и Қирғизистон
ва "Динамо"- и Беларус бар "Қайрат"- и Қазоқистон пирӯз шудаанд. Ҳамчунин дар даври аввали қувавозмоиҳо дастаи мунтахаби ҷавонони Русия бо футболбозони "Левадия"- и Эстония бозиро бо ҳисоби ҳеҷ бар ҳеҷ хотима дод. "Нефтчи"- и Озарбойҷон қаҳрамони Озарбойҷон дастаи "Шериф" қаҳрамони Молдоваро бо ҳисоби як бар ҳеҷ ноком кард.
Искандари Хоҷа Мирзода, Прага
XS
SM
MD
LG