Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи ҳафта: Саидамир Зуҳуров - собиқ нахуствазири Тоҷикистон


Ҳафтаи гузашта тағйироти кадрӣ дар ҳайъати мақомоти раҳбарии давлати Тоҷикистон идома кард. Бо фармонҳои раисиҷумҳури Эмомалӣ Раҳмонов дар ин ҳафта Давлатназар Булбулшоев аз мақоми муовини вазири умури дохила ва Сироҷ Муродов аз чавкии ноиби вазири кишоварзии Тоҷикистон барканор шуданд. Ҳамингуна Абдураҳмон Азимов аз мансаби раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатӣ барканор ва раҳбари идораи дифоъ ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таъйин шуд.
Аммо тағйироти ғайричашмдошт ва пурсарусадотарини ҳафтаи гузашта барканории ноиби сарвазир Саидамир Зуҳуров ва ба ҷойи Абдураҳмон Азимов раиси Кумитаи марзбонӣ таъйин шудани ӯ буд.
Саидамир Зуҳуров аз аъзои бонуфуз ва собиқадори ҳукумати президент Раҳмонов маҳсуб мешуд ва бори аввал ба ҳайъати ин ҳукумат дар тирамоҳи соли 1992 дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ҳамроҳ шуда буд. Дар ҳамон иҷлосияе, ки Эмомалӣ Раҳмоновро ба раъси давлати Тоҷикистон овард.
Роҳи зиндагӣ ва собиқаи сиёсии Саидамир Зуҳуров
XS
SM
MD
LG